Ҳамлаи Русия ба Укроин (2022)
Ин мақола ё бахше аз он, як рӯйдоди рӯзро дар бар дорад. |
Фармондеҳ | |||
---|---|---|---|
|
|||
|
|||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳамлаи Русия ба Укроин (дар Русия расман Амалиёти махсуси низомӣ, русӣ: Специальная военная операция) — ҳамлаи ҳамҷонибаи Нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия ба Укроин, ки дар 24 феврали 2022 оғоз шуд. Русия дар шаби 23 то 24 феврал 2022 амалиёти низомӣ алайҳи Укроинро оғоз кард.
Ин ҳамла пас аз гирдоварии тӯлонимуддати нерӯҳои низомӣ дар марзи Укроин ва Русия, ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои худхондаи мардуми Донетск ва Луҳанск тавассути Русия дар рӯзҳои пеш аз таҳоҷум, ва ба думболи он вуруди Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба минтақаи Донбас дар шарқи Укроин дар 21 феврали 2022 оғоз шуд.
Дар ҳудуди соати 06:00 ба вақти Маскав (UTC+3), раисиҷумҳур Владимир Путин амалиёти низомиро бо ҳадафи «ғайринизомӣ кардан ва нозизудоии Укроин» эълом кард. Дақиқаҳое баъд, ҳамалоти мушакӣ ба нуқоте дар саросари кишвар, аз ҷумла дар наздики пойтахт Киев, оғоз шуд. Хадамоти марзии Укроин эълом кард, ки марзҳои ин кишвар бо Русия ва Беларус мавриди ҳамла қарор гирифтааст.[1][2] Тибқи маълумоти СММ то 4 март, аз оғози ҳамла дастикам 331 ғайринизомӣ кушта ва дастикам 675 ғайринизомӣ маҷрӯҳ шудаанд ва талафоти воқеӣ, ба гуфтаи баъзе манобеъ, метавонад хеле бештар бошад. Садҳо хонаҳо хароб ва ё осеб диданд[3]; шаҳри Волноваха қариб тамоман хароб гардид[4]. Илова бар ин, ҳамла боиси бӯҳрони муҳоҷират гардид: тибқи маълумоти СММ, то 4 март, зиёда аз 1,2 миллион гуреза Украинаро тарк кардааст[5]. Ин ҳамла бузургтарин муноқишаи низомӣ дар Аврупо пас аз анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ буд[6][7][8][9]. Амалҳои Русияро аксари кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ сахт маҳкум карданд. Дар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ES-11/1, ки аз ҷониби аксарияти мутлақи кишварҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ карда шуд, амалҳои Русияро маҳкум ва аз он даъват кардааст, ки нерӯҳои худро аз қаламрави Украина берун кашад. 141 кишвар ба ҷонибдории ин қатънома, панҷ кишвар мухолиф (Беларус, Кореяи Шимолӣ, Русия, Сурия ва Эритрея) ва 35 кишвар бетараф (аз ҷумла Чин, Ҳиндустон, Покистон, Африқои Ҷанубӣ, Эрон ва ҳамаи кишварҳои узви СПАД, ба истиснои Русия ва Беларус) овоз доданд. Ин ҳамла ба эътирозҳои зиддиҷанг, сензураи ВАО, таҳримҳои нав алайҳи Русия оварда расонд ва боиси бӯҳрони пулию иқтисодӣ дар кишвар гардид.
Пасзамина
[вироиш | вироиши манбаъ]Заминаи пасошӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар соли 1991, Укроин ва Русия ҳамчунон равобити наздики худро ҳифз карданд. Дар соли 1994, Укроин мувофиқат кард, ки зарродхонаи ҳастаии худро канор бигузорад ва тавофуқи Будапешт дар мавриди тазминҳои амниятиро, машрут бар инки Русия, Биритониё ва Иёлоти Муттаҳида дар баробари таҳдид ё истифода аз зӯр алайҳи тамомият арзӣ ё истиқлоли сиёси тазмин кунанд, имзо кард. Панҷ сол баъд, Русия яке аз имзокунандагони маншури амнияти Аврупо буд, ки дар он «ҳаққи зотии ҳар як аз кишварҳои ширкаткунанда барои озоди интихоб ё муносиботи амнияти худ, аз ҷумла тавофуқҳо ва тааҳҳудҳоро дубора таъйид кард».[10]
Укроин алорағми ин ки аз соли 1991 ба унвони як кишвари мустақил ба расмият шинохта шуда буд, ба унвони як ҷумҳури ташкилдиҳандаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ, тавассути раҳбарии Русия ба унвони бахше аз ҳавзаи нуфузи он талаққӣ мешуд. Дар соли 2008, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, алайҳи пайвастани эҳтимолии Укроин ба Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) суханронӣ кард.[11][12] Дар соли 2009, Юлиян Чифу, таҳлилгари руминиёӣ ва ҳамкоронаш изҳор доштанд, ки дар робита бо Укроин, Русия нусхаи барӯзшудаи доктрини Брежневро думбол мекард, ки бар пояи он ҳокимияти Укроин наметавонд бузургтар аз ҳокимияти кишварҳои узви Паймони Варшава пеш аз фурӯпошии ҳавзаи нуфузи Шӯравӣ дар охирҳои даҳаи 1980 ва аввалҳои даҳаи 1990 бошад. Ин дидгоҳ бар ин фарз бино шудааст, ки иқдомоти Русия барои ором кардани Ғарб дар аввалҳои даҳаи 1990 бояд бо вокуниши мутақобили Ғарб, бидуни густариши НАТО дар имтидоди марзи Русия, ҳамроҳ мешуд.[13]
Инқилоб ва ҷанги Укроин
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз ҳафтаҳо эътироз дар ғолиби ҷунбиши Евромайдон (2013—2014), Виктор Янукович, раисиҷумҳури ҳаводори Русия ва раҳбарони мухолиф порлумони Укроин дар 21 феврали 2014 тавофуқномаеро имзо карданд, ки хостори баргузории интихоботи зудҳангом буд. Рӯзи баъд, Виктор Янукович пеш аз ройгирии истезоҳ аз Киев гурехт, ки боиси салби ихтиёроти ӯ ба унвони раисиҷумҳур шуд.[14][15][16] Раҳбарони манотиқ шарқии русзабони Укроин ҳамчунон вафодории худро ба Виктор Янукович эълом карданд,[17] ки боис рух додани нооромиҳое аз тарафи ҳаводорони Русия дар соли 2014 дар Укроин шуд.[18] Ин нооромиҳо бо илҳоқи Крим ба Русия дар марти 2014 ва ҷанг дар Донбас, ки дар апрели 2014 бо эҷоди шибҳииёлатҳои Ҷумҳури халқи Донетск ва Луҳанск тавассути Русия оғоз шуд, думбол шуд.[19][20]
Дар 14 сентябри 2020, раисиҷумҳури Укроин, Володимир Зеленский, стратегияи ҷадиди амнияти миллии Укроинро «ки густариши мушорикати мутамоиз бо НАТО-ро бо ҳадафи узвият дар НАТО фароҳам мекунад», тасвиб кард[21][22][23] дар 24 марти 2021, Володимир Зеленский фармони № 117/2021-ро имзо кард, ки «стратегияи халъи ишғол ва идғоми муҷаддади сарзаминҳои муваққатан ишғолшудаи Ҷумҳури худмухтори Крим ва шаҳри Севатопол»-ро тасвиб кард.[24]
Дар июли 2021, Путин мақолае бо унвони «Ваҳдати таърихӣ русҳо ва укроиниҳо» мунташир кард, ки дар он дубора дидгоҳи худро мабнӣ бар инки русҳо ва укроиниҳо «як миллат» ҳастанд, такрор кард.[25] Тимутӣ Снойдер таърихшиноси амриокӣ, ақоиди Путинро империалисм тавсиф кард.[26] Эдвард Лукос рӯзноманигори биритониёии онро бозбинии таърихӣ тавсиф кард.[27] Нозирони дигар хотирнишон кардаанд, ки раҳбарии Русия дидгоҳи таҳрифшуда аз Укроини навин ва таърихи он дорад.[28][29][30]
Русия гуфтааст, ки пайвастани эҳтимолии Укроин ба НАТО ва ба таври куллӣ густариши НАТО амнияти миллии ин кишварро таҳдид мекунад.[31][32][33] Дар муқобил, Укроин ва соири кишварҳои аврупоии ҳамсоя, Русия Путинро ба талош барои эҳёи Имперотурии Русия / Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва ба думболи он сиёсатҳои низомии таҳоҷумӣ муттаҳам кардаанд.[34][35][36][37][38]
Пешдаромади таҳоҷум
[вироиш | вироиши манбаъ]Даргирӣ бо гирдоварии нерӯҳои низомӣ дар миқдори зиёд, ибтидо аз март то апрели 2021 ва сипас аз октябри 2021 то феврали 2022 оғоз шуд. Дар тӯли дувумин гирдоварии низомӣ, Русия хостаҳоеро ба ИМА ва НАТО ироа кард, ки аз ҷумлаи он ду пешнавис буд, ки шомили дархостҳое барои он чи аз он ба унвони «замонатҳои амниятӣ» ёд мешавад, аз ҷумла қонуни илзомовар мабнӣ бар адами пайвастани Укроин ба НАТО ва ҳамчунин коҳиши нерӯҳои НАТО ва сахтафзори ҷангии мустақар дар Аврупои шарқӣ буд.[39] Русия таҳдид кард, ки агар НАТО ба «рӯйкарди таҳоҷумӣ» идома диҳад, посухи низомии номушаххасе дарёфт хоҳад дод.[40]
Иттиҳомоти Русия
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар 9 декабри 2021, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, аз табъиз алайҳи русзабонони берун аз Русия суҳбат кард ва гуфт: «Бояд бигӯям, ки руссофобия нахустин гом ба сӯи наслкушӣ аст. Ман ва шумо медонем дар Донбас чӣ рӯй медиҳад. Бегумон бисёр шабеҳи наслкушӣ аст.»[41][42] Русия ҳамчунин қонуни забони укроиниро маҳкум кард.[43][44][45] Дар 15 феврали 2022, Путин ба матбуот гуфт: «Ончи дар Донбас мегузарад дақиқан наслкушӣ аст.»[46] Хабаргузориҳо хотирнишон карданд, ки алорағми иттиҳоми Путин ба наслкушӣ алайҳи бумиён русзабон, раисиҷумҳури Укроин Волдимир Зеленский, худро русзабони бумӣ медонад.[47]
Чандин созмони ҷаҳонӣ, аз ҷумла Комиссараияти олии ҳуқуқи башари СММ, маъмурони назорати вежаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Укроин ва Шӯрои Аврупо, ҳеч мадраке барои пуштибонӣ аз иддаоҳои Русия пайдо накарданд.[48][49][50][51] Иттиҳоми наслкушӣ тавассути комиссияи Аврупо ба унвони иттилооти нодурусти Русия рад шудааст.[52]
Сафорати ИМА дар Укроин иддаои наслкушии Русияро «дурӯғи қобили сарзаниш» тавсиф кард,[53] ва Нед Прайс, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки Маскав чунин иддаоҳоеро ба унвони баҳонае барои ҳамла ба Укроин матраҳ мекунад.[54]
Иддаои даргирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Даргириҳо дар Донбас дар 17 феврали 2022 ба шиддат афзоиш ёфт. Дар ҳоле, ки теъдоди рӯзона ҳамалот дар шаш ҳафтаи аввали соли 2022 байни ду то панҷ буд,[55] Артиши Укроин 60 ҳамларо дар 17 феврал гузориш кард. Расонаҳои давлатии Русия низ дар ҳамон рӯз беш аз 20 ҳамлаи тӯпхонаӣ ба пойгоҳҳои ҷудоиталабонро гузориш карданд.[56] Ба унвони мисол, давлати Укроин ҷудоиталабони русиро муттаҳам кард, ки бо истифода аз тӯпхона, ширхогоҳе дар Станитсия Луҳанскаро гулӯлаборон карданд ва се ғайринизомиро маҷрӯҳ карданд. Ҷумҳури Халқии Луҳанск эълом кард, ки нерӯҳояш тавассути давлати Укроин бо хумпора, норинҷкандоз ва шиллики мусалсал маврид ҳамла қарор гирифтаанд.[57][58]
Рӯзи баъд, Ҷумҳурии Халқии Донетск ва Ҷумҳурии Халқии Луҳанск дастури тахлия иҷбории ғайринизомён аз шаҳрҳои пойтахти марбутаи худро содир карданд, агарчи ишора шудааст, ки тахлияи комил моҳҳо тӯл мекашад.[59][60][61][62] Расонаҳои укроинӣ аз афзоиши шадиди тирборони тӯпхонаии шибҳинизомиён зери раҳбарии Русия дар Донбас ба унвони талош барои таҳрики Артиши Укроин ном бурданд.[63][64]
Дар 21 феврал, Хадамоти амнияти федероли Русия (ФСБ) эълом кард, ки гулӯлаборони Укроин як таъсисоти марзии ФСБ-ро дар 150 метрии марзи Русия ва Укроин дар устони Ростов нобуд кардааст.[65] Ҷудогона, хадамоти матбуотии минтақаи низомии ҷанубӣ эълом кард, ки нерӯҳои русӣ субҳи он рӯз як гурӯҳи 5 нафара аз харобкоронро дар наздики рустои Митикойская, устони Ростов, ки бо ду худрави ҷангии пиёданизом аз Укроин ба марз нуфуз карда буданд, мунҳадим карданд.[66] Укроин даст доштан дар ҳар ду ҳодисаро рад кард ва онҳоро як парчами дурӯғин хонд.[67][68] Илова бар ин, ду сарбози укроинӣ ва як ғайринизоми дар асари гулӯлаборон дар рустои Зетсев дар 30 километр (19 моил) шимоли Донетск кушта шуданд.[69]
Дар 21 феврал, Нерӯгоҳи ҳароратии Луҳанск дар Ҷумҳурии худхондаи Луҳанск аз сӯи нерӯҳои ношинос гулӯлаборон шуд.[70] Укроин низ эълом кард, ки дар натиҷаи ин пешомад нерӯгоҳ маҷбур ба таътил шуд.[71]
21–24 феврал
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар 21 феврали 2022, пас аз ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои Донетск ва Луҳанск аз тарафи Русия, раисиҷумҳур Путин дастур дод нерӯҳои Русия (аз ҷумла тонкҳо) ба Донбас гусел шаванд, ки Русия онро «маъмурияти ҳифзи сулҳ» номид.[72][73] Артиши Русия эълом кард, ки 5 харобкор укроиниро, ки аз марз рад шудаанд куштааст, ки Киев ин иддаоро рад кард.[74] Дар поёни ҳамон рӯз, чандин расонаи новобаста ва мустақил таъйид карданд, ки нерӯҳои русӣ дар ҳоли роҳёбӣ ба Донбас ҳастанд.[75][76][77][78] Мудохилаи 21 феврал дар Донбас ба таври густурда тавассути Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид маҳкум шуд ва ҳеч пуштибонӣ дарёфт накард.[79] Мортин Кимонӣ, сафири Кения, ҳаракати Путинро бо истеъмор муқоиса кард ва гуфт: «Мо бояд беҳбудии худро аз ахгари имперотуриҳои мурда ба гунае комил раҳо кунем то моро ба ашколи ҷадиди султаву ситам фурӯ набарад.»[80]
Дар 22 феврали 2022, Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико гуфт, ки "оғози таҳоҷуми Русия ба Укроин" рух додааст. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО ва Ҷастин Трюдо, нахуствазири Конодо, гуфтанд, ки «таҳоҷуми бештаре» сурат гирифтааст. Дмитро Кулеба, вазири умури хориҷаи Укроин гуфт: «Чизе ба номи таҳоҷуми ҷузъӣ, мутавассит ё бузург вуҷуд надорад. Таҳоҷум таҳоҷум аст.» Ҷузеп Бурел, раиси сиёсати хориҷи Иттиҳодияи Аврупо, изҳор дошт, ки «нерӯҳои Русия ба хоки Укроин ворид шуда буданд», ки «як таҳоҷуми [ғайри] тамомъиёр» буд.[81] Дар ҳамон рӯз, Шӯрои Федератсияи Русия ба иттифоқи оро ба Путин иҷозаи истифода аз нерӯи низомӣ дар хориҷ аз Русияро дод. Раисиҷумҳур Зеленский низ ба навбати худ дастури сарбозгирӣ аз нерӯҳои захираи Укроинро содир кард, ва ҳанӯз басиҷи умумиро эълом накард.[82]
Дар 23 феврал, Укроин вазъияти фавқулода саросариро ба истиснои сарзаминҳои ишғолӣ дар Донбас эълом кард, ки аз нимаишаб иҷроӣ шуд.[83][84] Дар ҳамон рӯз Русия шурӯъ ба тахлияи сафорат худ дар Киев кард ва ҳамчунин парчами Русияро аз болои сохтимони пойин овард.[85] Торнамоҳои порлумон ва давлати Укроин ба ҳамроҳ вебгоҳҳои бонкӣ мавридb ҳамлаи DDoS қарор гирифтанд.[86]
Дар соъатҳои нахустини 24 феврал, Зеленский як суханрони телевизионии «эҳсосӣ» анҷом дод, ки дар он шаҳрвандони Русияро ба забони русӣ маврид хитоб қарор дод ва аз онҳо хост то аз ҷанг ҷилавгирӣ кунанд.[87][88]
Нишасти дигаре дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар 23 то 24 феврали 2022 ташкил шуд. Русия дар ҷараёни нишасти изтирории Шӯрои амнияти СММ бо ҳадафи хунсо кардани буҳрон юриш ба Укроинро оғоз кард. Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфта буд: «Ба сулҳ фурсат бидиҳед».[89] Русия дар ҳоле, ки риёсати Шӯрои амнияти СММ-ро дар феврали 2022 бар уҳда дошт, ба ин кишвар ҳамла кард ва ба унвони яке аз панҷ узви доимӣ, дорои ҳаққи вето аст.[90][91]
Таҳоҷум
[вироиш | вироиши манбаъ]24 феврал
[вироиш | вироиши манбаъ]Каме пеш аз соати 05:00 ба вақти Укроин (UTC+2) (06:00 ба вақти Маскав, UTC+3) дар 24 феврал, Путин эълом кард, ки тасмим ба оғози амалиёти низомӣ дар шарқи Укроин гирифтааст.[92] Путин дар суханронии худ гуфт ҳеч барномае барои ишғоли сарзамини Укроин вуҷуд надорад ва муддаъӣ шуд, ки аз ҳаққи мардуми Укроин барои таъйини сарнавишт пуштибонӣ мекунад.[93] Путин ҳамчунин гуфт, ки Русия ба думболи «ҷангзудоӣ ва нозизудоӣ»-и Укроин аст ва аз сарбозони укроинӣ хост силоҳҳои худро замин бигузоранд.[94][95]
Чанд дақиқа пас аз эъломи Путин, инфиҷорҳое дар Киев, Харкив, Одесса ва Донбас гузориш шуд.[96] Мақомоти укроини гуфтанд, ки Русия нерӯҳои худро дар Одесса ва Мариупол фуруд оварда ва мушакҳои куруз ва баллистикро ба фурудгоҳҳо, пойгоҳҳоӣ ва анборҳои низомӣ дар Киев, Харкив ва Днипро партоб кардааст.[97][98][99] Баъдан артиши Укроин иттилооти марбут ба фуруди артиши Русия дар Одессаро такзиб кард.[100] Худравҳои низомӣ аз тариқи Сенкивка, ки нуқтае аст, ки Укроин бо Беларус ва Русия марз дорад дар ҳудуди соати 6:48 субҳ ба вақти маҳаллӣ вориди Укроин шуд.[101]
Ба гуфтаи вазири давлати Укроин, Антон Герашенко дуруст пас аз соати 06:30 UTC+2, нерӯҳои русӣ аз тариқи замин наздики шаҳри Харкив[102] ҳамла карданд ва канорагириҳои обии хокӣ дар андозаҳои бузург дар шаҳрҳои Мариупол ва Одесса гузориш шуд. Антон Герашенко канорагирӣ дар наздикии Одессаро таъйид кард.[103][104][105] Дар соати 07:40, Би-Би-Сӣ ба нақл аз манобеъи дигар эълом кард, ки нерӯҳо низ аз Беларус вориди кишвар мешаванд.[106] нерӯҳои марзии Укроин юришҳоеро ба пойгоҳҳои дар Луҳанск, Сумӣ, Харкив, Чернигив ва Житомир ва ҳамчунин аз Крим гузориш карданд.[107]
Пас аз як соати хориҷ аз дастрас будан, торнмои Вазорати дифоъи Укроин бозёбӣ шуд. Ин вазоратхона муддаъӣ шуд, ки панҷ ҳавопаймо ва як чархболро дар Луҳанск сарнагун кардааст.[108]
Каме пеш аз соати 07:00 (UTC+2), раисиҷумҳур Зеленский эълом кард, ки ҳукумати низомӣ дар Укроин барқарор аст.[109] Бо таваҷҷуҳ ба дархости Вазорати дифоъи Русия мабнӣ бар дархост аз воҳидҳои назорати тарофики Укроин барои таваққуфи парвозҳо, ҳарими ҳавоӣ бар фарози шарқи Укроин маҳдудиятҳое барои тараддуди ҳавоии ғайринизомӣ иъмол кард ва Ожонси эминии ҳавонавардии Иттиҳодияи Аврупо кулли минтақаро минтақаи даргирии фаъол хонд.[110]
Вокунишҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷаҳонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар вокуниш ба ба расмият шинохтани ду ҷумҳурии таҷзияталаб, кишварҳои ғарбӣ шурӯъ ба аъмоли таҳримҳо алайҳи Русия карданд. Дар 22 феврал, нахуствазири Биритониё, Борис Ҷонсон, панҷ бонки русӣ "Бонки Русия", "Бонки Пасандози Санъатӣ", "Бонки Ҷенерол", "Промсвязбонк", ва "Бонки Дарёи Сиёҳ" ва се миллиарддор аз шарикҳои Путин, яъне Геннадий Тимченко, Борис Ротенберг ва Игор Ротенбергро таҳрим кард.[111][112] Олаф Шолтз садриаъзами Олмон аз таваққуфи раванди судури гувоҳиномаи хатти лӯлаи "Ҷараёни шимолӣ 2" хабар дод.[113] Вазирони хориҷа Иттиҳодияи Аврупо сармоягузорон Иттиҳодияи Аврупоро аз тиҷорати вомбаргҳои давлатӣ бо ҳама аъзои Дума, ки ба расмият шинохтани манотиқи таҷзияшуда раъйи мусбат доданд, манъ карданд ва воридоту содирот бо ниҳодҳои таҷзияталабро дар феҳристи сиёҳ қарор доданд.[114] Ҷо Байден, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бонкҳои "ВЭБ.РФ" ва "Промсвязбонк"-ро таҳрим кард ва таҳримҳои ҷомеъ бар бидеҳиҳои давлатии Русия вазъ кард.[115]
Дар 24 феврал, Скотт Моррисон, нахуствазири Устролиё, мамнуъияти сафар ва таҳримҳои молии ҳадафманд алайҳи ҳашт узви Шӯрои амнияти миллии Русияро эълом кард.[116] Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз Русия хост ба таҷовузот дар Укроин поён диҳад, ва сафирони Фаронса ва ИМА эълом карданд, ки қатъномаеро дар 25 феврали 2022 ба Шӯрои амнияти СММ ироа хоҳанд кард.[117][118] Биритониё низ «юриши бедалел»-и Русияро маҳкум кард ва қавл дод, ки Биритониё ва муттаҳидонаш қотеъона посух хоҳанд дод.[118] боядан «таҳрик омез ва ғайр қобил тавҷеҳ» хондан юриш, хотирнишон кард, ки давлат ӯ иқдомот эҳтимоли бештареро дар назар хоҳад гирифт.[119]
биржаи Маскав то иттилоъи сонавӣ бозорҳои худро таътил кард.[120] Муомилаҳо дар соъати 10 субҳ ба вақт Маскав аз сар гирифта шуд.[121]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Russia attacks Ukraine. CNN (24 February 2022).
- ↑ Украинские пограничники сообщили об атаке границы со стороны России и Белоруссии. Interfax (24 February 2022).
- ↑ Civilian death toll in Ukraine rises to 331 -UN rights office, Reuters (4 March 2022).
- ↑ Ukraine: High Commissioner cites "new and dangerous" threats to human rights. Управление Верховного комиссара ООН по правам человека (3 марти 2022).
- ↑ ООН: с начала военной операции территорию Украины покинули 1,2 млн беженцев // Коммерсантъ, 04.03.2022
- ↑ Jen Kirby. Putin’s invasion of Ukraine, explained(англ.). Vox (23 February 2022).
- ↑ US orders 7,000 more troops to Europe following Russia's invasion of Ukraine. CNN.
- ↑ Russia presses invasion to outskirts of Ukrainian capital(англ.). ABC News.
- ↑ Tsvetkova, Maria. Putin puts nuclear 'deterrence' forces on alert (27 феврали 2022). Проверено 28 феврали 2022.
- ↑ Istanbul Document 1999. Organization for Security and Co-operation in Europe (19 November 1999). 21 июли 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 июни 2014.
- ↑ Harding, Luke. Bush-Putin row grows as pact pushes east, The Guardian (2 April 2008). Бойгонӣ шудааст 8 феврали 2022 сол. Проверено 15 феврали 2022.
- ↑ Dawar, Anil. Putin warns Nato over expansion, The Guardian (4 April 2008). Бойгонӣ шудааст 13 феврали 2022 сол. Проверено 15 феврали 2022. «The Russian president, Vladimir Putin, today repeated his warning that Moscow would view any attempt to expand NATO to its borders as a 'direct threat'.».
- ↑ Remarks concerning Ukraine, Vladimir Putin, makes a statement following the Security Council meeting on Donbass recognition Видео дар YouTube, RT, 21 February 2022, minutes 41:17-42:58.
- ↑ Rada removes Yanukovych from office, schedules new elections for May 25 (24 February 2014). Бойгонӣ шудааст 10 феврали 2020 сол. Проверено 15 феврали 2015.
- ↑ Sindelar, Daisy. Was Yanukovych's Ouster Constitutional?, Radiofreeeurope/Radioliberty, Radio Free Europe/Radio Liberty (23 February 2014). Бойгонӣ шудааст 29 июли 2020 сол. Проверено 25 феврали 2014.
- ↑ Feffer, John. Who Are These 'People,' Anyway?, HuffPost, Buzzfeed (14 March 2014). Бойгонӣ шудааст 18 марти 2014 сол. Проверено 17 марти 2014. «At that point, his own party abandoned him and called for a vote to take place. Parliament then voted to remove Yanukovych from office by a margin of 328 to 0.».
- ↑ Polityuk, Pavel. Ukraine parliament removes Yanukovich, who flees Kiev in "coup", Reuters, Kyiv: Thomson Corporation (22 February 2014). Бойгонӣ шудааст 9 июни 2016 сол. Проверено 18 ноябри 2020. «Underscoring Ukraine's regional divisions, leaders of Russian-speaking eastern provinces loyal to Yanukovich voted to challenge anti-Yanukovich steps by the central parliament.».
- ↑ Fisher, Max Everything you need to know about the Ukraine crisis(англ.). Vox. Vox Media (3 September 2014). 24 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Январ 2022.
- ↑ Grytsenko, Oksana. Armed pro-Russian insurgents in Luhansk say they are ready for police raid, Kyiv Post, Luhansk: Businessgroup LLC (12 April 2014). Бойгонӣ шудааст 12 апрели 2014 сол. Проверено 1 феврали 2022. «... their top aim is federalization of the country through all-Ukrainian referendum, one step from secession from the nation. 'It should be a federation in the borders of Ukraine, but with the right to separate if people demand this,' Kariakin said, confident that 85 percent of people in Luhansk Oblast, Ukraine's seventh most populous with 2.2 million people, support him.».
- ↑ Ragozin, Leonid Annexation of Crimea: A masterclass in political manipulation(англ.). aljazeera.com. Riga: Al Jazeera (16 March 2019). — «Putin framed the invasion and eventual annexation of Crimea as an act of salvation rather than a clear violation of international law and turned a revolution which could have marked the end of his rule into a much-needed popularity booster ...» 24 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 май 2020.
- ↑ Duggal, Hanna. Infographic: Military capabilities of Russia and Ukraine, aljazeera.com, Al Jazeera (25 January 2022). Бойгонӣ шудааст 15 феврали 2022 сол. Проверено 15 феврали 2022.
- ↑ Relations with Ukraine, NATO, NATO (11 January 2020). Бойгонӣ шудааст 15 феврали 2022 сол. Проверено 15 феврали 2022. «In September 2020, President Volodymyr Zelenskyy approved Ukraine's new National Security Strategy, which provides for the development of the distinctive partnership with NATO with the aim of membership in NATO.».
- ↑ Getmanchuk, Alyona. Russia as aggressor, NATO as objective: Ukraine's new National Security Strategy, atlanticcouncil.org, Atlantic Council (30 September 2020). Бойгонӣ шудааст 16 феврали 2022 сол. Проверено 15 феврали 2022.
- ↑ Zelensky enacts strategy for de-occupation and reintegration of Crimea, Ukrinform, Government of Ukraine (24 March 2021). Бойгонӣ шудааст 12 Декабри 2021 сол. Проверено 15 феврали 2022. «Decree No. 117/2021 of March 24 on enactment of the relevant decision of the National Security and Defense Council was published on the website of the Head of State.».
- ↑ Putin, Vladimir Article by Vladimir Putin 'On the Historical Unity of Russians and Ukrainians'. The Kremlin. Government of Russia (12 July 2021). — «During the recent Direct Line, when I was asked about Russian-Ukrainian relations, I said that Russians and Ukrainians were one people – a single whole.» 1 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2021.
- ↑ Snyder, Timothy D. How to think about war in Ukraine. Thinking about... (newsletter). Substack (18 January 2022). — «Historically speaking, the idea that a dictator in another country decides who is a nation and who is not is known as imperialism.» 25 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2022.
- ↑ Lucas, Edward Why Putin's history essay requires a rewrite. The Times. Times Newspapers (15 September 2020). 25 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2022.
- ↑ Roth, Andrew Putin's Ukraine rhetoric driven by distorted view of neighbour. The Guardian (7 December 2021). — «But that fear has gone hand-in-hand with chauvinistic bluster that indicates Moscow has a distorted view of modern Ukraine and the goals it wants to achieve there.» 25 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 Декабри 2021.
- ↑ Dickinson, Peter Putin's new Ukraine essay reveals imperial ambitions. Atlantic Council (15 July 2021). — «Vladimir Putin's inaccurate and distorted claims are neither new nor surprising. They are just the latest example of gaslighting by the Kremlin leader.» 25 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 июли 2021.
- ↑ Wilson, Andrew Russia and Ukraine: 'One People' as Putin Claims?. Royal United Services Institute (23 December 2021). — «Putin's key trope is that Ukrainians and Russians are 'one people', and he calls them both 'Russian'. He starts with a myth of common origin: 'Russians, Ukrainians and Belarusians are all descendants of Ancient Rus', which was the largest state in Europe' from the 9th–13th centuries AD.» 25 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 Январ 2022.
- ↑ Taylor, Paul. Ukraine: NATO's original sin, Politico, Axel Springer SE (23 November 2021). Бойгонӣ шудааст 29 Январ 2022 сол. Проверено 1 феврали 2022. «The result heightened Kremlin's fears of encirclement and of losing the strategic depth that enabled Russia to prevail over Western invaders twice … no amount of assurances that NATO is not a threat to Russia, that its purpose is purely defensive or that none of its weapons would ever be used except in response to an attack could assuage Moscow.».
- ↑ Guyer, Jonathan. How America's NATO expansion obsession plays into the Ukraine crisis, Vox, Vox Media (27 January 2022). Бойгонӣ шудааст 18 феврали 2022 сол. Проверено 20 феврали 2022. «To the West, it's a statement of autonomy; to Russia, it's a threat.».
- ↑ Lee, Matthew. US, NATO rule out halt to expansion, reject Russian demands(англ.), AP News (7 January 2022). Бойгонӣ шудааст 24 Январ 2022 сол. Проверено 24 Январ 2022.
- ↑ Agencies Putin wants to destroy Ukraine and restore Soviet Union, says Yatseniuk. The Guardian (13 September 2014). 25 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2022.
- ↑ Bullough, Oliver Vladimir Putin: The rebuilding of 'Soviet' Russia. BBC (28 March 2014). — «'He does not understand that the collapse of the Soviet system was predetermined, therefore he believes his mission is to restore the Soviet system as soon as possible,' he (Vladimir Bukovsky) says.» 25 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 Январ 2022.
- ↑ Rubin, Trudy Putin wants to reestablish the Russian empire. Can NATO stop him without war?. The Philadelphia Inquirer. Interstate General Media (11 January 2022). — «He wants to rebuild the former Soviet sphere of influence that extended from Central Europe through Central Asia, and views this effort as a restoration of Russian greatness.» 25 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2022.
- ↑ Lithuanian president: Russia's attempts to create 'zones of influence' will not be tolerated, LRT English, Lithuanian National Radio and Television (20 December 2021). Бойгонӣ шудааст 25 Январ 2022 сол. Проверено 25 Январ 2022.
- ↑ Wiktor, Szary In push for equal NATO status, Poland asks for flashpoint troops. Reuters. Brussels, Prague, Vilnius, Trondheim: Thomson Corporation (20 June 2016). 25 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2022.
- ↑ Tétrault-Farber, Gabrielle. Russia demands NATO roll back from East Europe and stay out of Ukraine(англ.), Reuters (17 December 2021). Бойгонӣ шудааст 22 феврали 2022 сол. Проверено 24 феврали 2022.
- ↑ MacKinnon, Mark. Putin warns of unspecified military response if U.S. and NATO continue 'aggressive line' (en-CA), The Globe and Mail (21 Декабри 2021). Бойгонӣ шудааст 15 Январ 2022 сол. Проверено 24 феврали 2022.
- ↑ Putin Says Conflict in Eastern Ukraine 'Looks Like Genocide', AFP, The Moscow Times (10 December 2021). Бойгонӣ шудааст 21 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Путин заявил о геноциде на Донбассе, Rossiyskaya Gazeta (9 December 2021). Бойгонӣ шудааст 22 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ New law stokes Ukraine language tensions, France 24 (1 April 2021). Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ The Ukrainian language is having a moment. To Putin's ears, it's a shot against Russian speakers, The Washington Post (8 February 2022). Бойгонӣ шудааст 8 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Ukraine's star author Kurkov says his native Russian should be curbed, France 24 (13 February 2022). Бойгонӣ шудааст 18 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ US accuses Moscow of creating Ukraine invasion pretext with 'genocide' claims, AFP, France 24 (15 February 2021). Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Vasilyeva, Nataliya. Russians accuse Ukrainians of genocide as they pave way for potential invasion, The Telegraph (19 February 2022). Бойгонӣ шудааст 23 феврали 2022 сол. Проверено 24 феврали 2022.
- ↑ Report on the human rights situation in Ukraine. OHCHR (15 June 2014). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 феврали 2022.
- ↑ Civic Space and Fundamental Freedoms in Ukraine. OHCHR (2021). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 Декабри 2021.
- ↑ Daily and spot reports from the Special Monitoring Mission to Ukraine. OSCE. 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 феврали 2022.
- ↑ Ad hoc Report on the situation of national minorities in Ukraine adopted on 1 April 2014. Council of Europe (2 April 2014). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 феврали 2022.
- ↑ "DISINFORMATION ABOUT THE CURRENT RUSSIA-UKRAINE CONFLICT – SEVEN MYTHS DEBUNKED" (Press release) (in Англисӣ). 24 January 2022. Archived from the original on 18 February 2022. Retrieved 22 February 2022.
Myth 2: "The situation in Ukraine triggered this conflict. There is proof that Ukraine is committing atrocities against its Russian-speaking population in the country's east. Russia has to intervene, not least because Ukraine and Russia are 'one nation.' Ukraine simply belongs to Russia's "privileged sphere of influence". False. Allegations that Ukraine is attacking its own territory and persecuting its own citizens are absurd. To galvanize domestic support for Russia's military aggression, Russian state-controlled media have tirelessly sought to vilify Ukraine, accusing it of alleged genocide in eastern Ukraine, drawing groundless parallels with Nazism and World War Two, and fabricating stories aimed at striking a negative emotional chord with audiences.
- ↑ United States: Russia's claim of 'genocide in Ukraine' is reprehensible falsehood, Ukrinform (17 February 2022). Бойгонӣ шудааст 18 феврали 2022 сол. Проверено 22 феврали 2022. «The Embassy of the United States of America in Ukraine called Russia's claim of "genocide in Ukraine" reprehensible falsehood.».
- ↑ US accuses Moscow of creating Ukraine invasion pretext with 'genocide' claims, AFP, France 24 (15 February 2021). Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Mark MacKinnon and Adrian Morrow. Putin orders snap nuclear drill, The Globe and Mail, стр. A3.
- ↑ Mark MacKinnon and Adrian Morrow. Putin orders snap nuclear drill, The Globe and Mail, стр. A3.
- ↑ Ukraine: How big is Russia's military build-up?. BBC News (17 February 2022). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2022.
- ↑ Ukraine, West accuse Russia of trying to create pretext for invasion after shelling in east. MSN (17 February 2022). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 феврали 2022.
- ↑ Light, Felix In the Closest Russian City to Ukraine's Separatist Region, There Are Few Signs of Refugees. The Moscow Times (20 February 2022). 20 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 феврали 2022.
- ↑ Russian-backed separatists announce civilian evacuation from eastern Ukraine as escalation stokes Russian invasion fears. NBC News (18 February 2022). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2022.
- ↑ Smith, Alexander Warning siren sounds in rebel-held capital in east Ukraine -Reuters witness. MSN News (18 February 2022). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Ukraine conflict: Rebels declare general mobilisation as fighting grows (en-GB), BBC News (19 February 2022). Бойгонӣ шудааст 19 феврали 2022 сол. Проверено 19 феврали 2022.
- ↑ 47 shelling incidents leave 5 injured in Donbas. Kyiv Independent (18 February 2022). 18 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 феврали 2022.
- ↑ How Russian proxy forces are attempting to provoke the Ukrainian army and are lying about a new Ukrainian offensive. NV.UA (18 February 2022). 18 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2022.
- ↑ ФСБ сообщила о попадании снаряда в погранпункт на границе с ДНР(рус.), РБК (21 феврали 2022). Бойгонӣ шудааст 22 феврали 2022 сол. Проверено 21 феврали 2023.
- ↑ Российские военнослужащие уничтожили пять диверсантов с Украины при нарушении границы, TASS (21 February 2022). Бойгонӣ шудааст 21 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Russia Says Border Facility Near Ukraine Destroyed in Shell Attack, The Moscow Times (21 February 2022). Бойгонӣ шудааст 21 феврали 2022 сол. Проверено 21 феврали 2022.
- ↑ Russia says it prevented border breach from Ukraine, Kyiv calls it fake news, Reuters (21 February 2022). Бойгонӣ шудааст 21 феврали 2022 сол. Проверено 21 феврали 2022.
- ↑ Two Ukraine soldiers, civilian killed in shelling (English). Al-Arabiyah (21 February 2022). 22 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2022.
- ↑ Mazneva, Elena Ukraine Power Plant Damaged During Two Days of Shelling. Bloomberg (22 February 2022). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2022.
- ↑ Gerasimova, Tanya Luhansk TPP Suspends Work Due To Militants Shelling(англ.). ukranews_com (21 February 2022). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 феврали 2022.
- ↑ Putin orders troops into separatist-held parts of Ukraine, CNN (21 February 2022). Бойгонӣ шудааст 23 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Philp, Catherine. Putin sends Russian tanks into Ukraine(англ.), The Times (22 February 2022). Бойгонӣ шудааст 23 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Russia claims to kill 5 Ukrainian 'saboteurs' who crossed border, THE TIMES OF ISRAEL.
- ↑ Putin orders troops into eastern Ukraine on 'peacekeeping duties'. The Guardian (21 February 2022). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2022.
- ↑ Ucraina, i primi soldati russi nel Donbass(ит.). la Repubblica (22 February 2022). 21 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2022.
- ↑ Putin's Ukraine peacekeepers "aren't fooling anyone," US warns(англ.). Newsweek (21 February 2022). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2022.
- ↑ Chilling social media footage emerges of convoys of Russian military equipment entering Donbas in Ukraine(англ.). Sky News (22 February 2022). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ News, A. B. C. Putin gets no support from UN Security Council over Ukraine(англ.). ABC News. 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2022.
- ↑ CNN, Amy Woodyatt Kenya's UN ambassador slams Russia and compares Ukraine crisis to Africa's colonial past. CNN. 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2022.
- ↑ Russian troops in east Ukraine an 'invasion,' White House declares - National (en-US). Global News. 22 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 феврали 2022.
- ↑ Zinets, Natalia. Ukrainian president drafts reservists but rules out general mobilisation for now(англ.), Reuters (22 February 2022). Бойгонӣ шудааст 22 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Kingsley, Thomas. Ukraine to introduce a state of emergency and tells its citizens to leave Russia immediately, The Independent (23 February 2022). Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Ukraine's Parliament approves state of emergency. reuters.com. Reuters (February 23, 2022). — «"The state of emergency comes into force at midnight local time (1000 GMT). It will last 30 days and can be extended for another 30 days."» 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2022.
- ↑ Litvinova, Dasha. Russia evacuates embassy in Ukraine as crisis escalates, Associated Press (23 February 2022). Бойгонӣ шудааст 23 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Ukraine hit by more cyberattacks, destructive malware(англ.), Associated Press (23 February 2022). Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 24 феврали 2022.
- ↑ https://www.washingtonpost.com/national-security/2022/02/23/ukraine-zelensky-russia-address/
- ↑ https://www.nytimes.com/live/2022/02/24/world/russia-ukraine-putin/zelensky-makes-a-dramatic-appeal-to-the-russian-people-saying-the-people-of-ukraine-want-peace
- ↑ 'It's too late': Russian move roils UN meeting on Ukraine(англ.). AP NEWS (23 February 2022). 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ 'It's too late': Russian move roils UN meeting on Ukraine(англ.). AP NEWS (23 February 2022). 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ U.S. Says Russia Will Face U.N. Security Council Resolution(англ.). WSJ. 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Russian President Vladimir Putin announces military assault against Ukraine in surprise speech (en-US). MSN. 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Путин принял решение о проведении операции по денацификации и демилитаризации Украины(рус.), TASS (24 February 2022). Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 24 феврали 2022.
- ↑ Ukraine conflict: Russia announces special military operation in Donbas. BBC News (24 February 2022). 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Russia's Putin Announces Military Operation in Ukraine. The Moscow Times (24 February 2022). 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Putin announces 'special military operation' in Ukraine (en-US). POLITICO (24 February 2022). 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Osborn, Andrew. Russian forces invade Ukraine with strikes on major cities, Reuters (February 23, 2022). Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Keith, Collins. Maps: Tracking the Russian Invasion of Ukraine, The New York Times (23 February 2022). Бойгонӣ шудааст 22 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Isachenkov, Vladimir. Russia attacks Ukraine as defiant Putin warns US, NATO, AP News (February 23, 2022). Бойгонӣ шудааст 23 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ Генштаб ВС Украины отрицает информацию о высадке российской армии в Одессе (Russian) (24 February 2022). 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Hodge, Nathan. Russia launches military attack on Ukraine with reports of explosions and troops crossing border, CNN (February 24, 2022). Проверено 24 феврали 2022.
- ↑ Ukraine-Russia crisis: Live updates. Cnn.com (1 Январ 2000). 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Russia has launched its war in Ukraine. Vox (23 February 2022). 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Russia takes military action in Ukraine as UN meets(англ.), www.aljazeera.com. Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 24 феврали 2022.
- ↑ Troianovski, Anton. Ukraine Live Updates: Russia Begins Invasion From Land and Sea (en-US), The New York Times (23 феврали 2022). Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 24 феврали 2022.
- ↑ Ukraine: Troops moving in from Belarus. bbc.com. BBC (24 феврали 2022). — «Multiple reports are now quoting Ukrainian officials as saying troops in Belarus are joining the Russian attack, meaning the offensive is now also coming from Ukraine's north.» 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Украинские пограничники сообщили об атаке границы со стороны России и Белоруссии. Interfax (24 February 2022).
- ↑ https://twitter.com/kyivpost/status/1496743183644086274(англ.). Twitter. 24 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ Russia-Ukraine crisis live news: Putin has launched 'full-scale invasion', says Ukrainian foreign minister – latest updates | World news. The Guardian (16 июли 2018). 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Operations in Flight Information Regions: FIR LVIV (UKLV), FIR KYIV (UKBV), FIR DNIPROPETROVSK (UKDV), FIR SIMFEROPOL (UKFV), FIR ODESA (UKOV)(англ.). EASA. 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Ukraine: What sanctions are being imposed on Russia?, BBC (22 February 2022). Бойгонӣ шудааст 23 феврали 2022 сол. Проверено 22 феврали 2022.
- ↑ Британия ввела санкции против 5 российских банков, Ротенберга и Тимченко, RBK Daily (22 February 2022). Бойгонӣ шудааст 22 феврали 2022 сол. Проверено 22 феврали 2022.
- ↑ Germany shelves Nord Stream 2 pipeline (en-US). POLITICO (22 February 2022). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 феврали 2022.
- ↑ Chalmers, John. EU agrees sanctions 'to hurt Russia' over Ukraine crisis(англ.), Reuters (22 February 2022). Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 23 феврали 2022.
- ↑ What to know about new U.S. sanctions targeting Russia over Ukraine (en-US). CBS News (23 February 2022). 23 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Cave, Damien. Live Updates: Ukraine Says Russia Has Begun Its Invasion - The New York Times (en-US), The New York Times (24 February 2022). Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 24 феврали 2022.
- ↑ MacNamee, Garreth. 'We will hold the Kremlin accountable': International anger as Russia attacks Ukraine(англ.), TheJournal.ie. Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2022 сол. Проверено 24 феврали 2022.
- ↑ U.S. Says Russia Will Face U.N. Security Council Resolution(англ.). WSJ. 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Parti, Tarini Biden Calls Putin's Ukraine Actions an 'Unprovoked and Unjustified' Attack. Wall Street Journal (24 February 2022). 24 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 феврали 2022.
- ↑ Teterevleva, Anastasia. Moscow Exchange suspends trading on all markets, Reuters (February 24, 2022).
- ↑ Mudgill, Amit. Russian stocks nosedive 20% as trading resumes on Moscow Exchange, The_Economic_Times (24 феврали 2022).