Jump to content

Шокир Маҳмудов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шокир Маҳмудов
Шокир Комилович Маҳмудов
Таърихи таваллуд 3 ноябр 1976(1976-11-03) (47 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Деҳнав, ҶШС Ӯзбекистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Алма-матер [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи Қ. Ҷӯраев]]
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) ва ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2004)

Шокир Комилович Маҳмудов (тав. 3.11.1976, ноҳияи Деҳнави ҶШС Ӯзбекистон), олим, номзади илмҳои педагогика (2009). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) ва ордени «Шараф» дараҷаи 2 (2004)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1993–1998 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил кардааст. Солҳои 1998–2009 ҳамчун ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2009 то ба имрӯз мудири кафедраи равоншиносии донишгоҳи мазкур мебошад. Муаллифи 12 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст.

  • Инкишофи ҳисси ватандӯстӣ дар мактаббачагони калонсол // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 1, Д., 2002;
  • Нақши ирода дар муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 1, Д., 2003;
  • Самтҳои асосии омода намудани омӯзгорони оянда дар тарбияи ҳуқуқии мактаббачагон // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, №3, Д., 2009;
  • Тарбияи ҳуқуқии кӯдакон дар ислом // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, № 2, Д., 2009.