Шоҳмузаффар Ёдгорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ
Noimage.svg
Зодгоҳ:

Ховалинг, Тоҷикистон

Санаи марг:

23 август, 2009

Навъи фаъолият:

адиб

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ - адиб тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Шоҳмузаффар Ёдгорӣ зодаи деҳаи Баландтари ноҳияи Ховалинг буда, муаллифи чандин маҷмӯаҳои назмӣ ва насрӣ мебошад. Маҷмӯаҳои ӯ бо номҳои «Як шохаи гул», «Даргоҳи деҳқон», «Симои халқ», «Ҳар тори муйи вафоям» ва романи «»Васваса» аз чоп баромадаанд. Айни ҳол, романи дигари адиб бо номи «Талош» иборат аз се қисм омодаи чоп аст. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ баъди солҳои навадум як муддат сармуҳаррири рӯзномаи дастгоҳи иҷроияи президент «Ҷумҳурият» ва рӯзномаи вилоятӣ буд. Шоҳмузафр Ёдгорӣ ҳамнасли Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор буд. 23 августи соли 2009, адиби тоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣ аз бемории сактаи дил дар синни 69-солагӣ вафот кард. Маросими ҷанозаи ӯ дар мавзеи Сариосиёи шаҳри Душанбе доир гардид.[1]

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]