Jump to content

Шоҳрух Юнусов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоҳрух Юнусов
Таърихи таваллуд 23 август 1998(1998-08-23) (26 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) мусиқидон

Шоҳрух Юнусов (23 августи 1998, Конибодом, Тоҷикистон) — овозхони уперо, чандзабондон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоҳрух Юнусов 23 августи соли 1998 дар оилаи зиёӣ ба дар ҷамоати Пӯлодони Конибодом ба дунё омадааст[1][2]. Ӯро асосан падарбузурги муаллимаш тарбия кардааст. Шоҳрух Юнусов то синфи шашум дар мактаби миёнаи №25-и шаҳри Конибодом хонда сипас таҳсилоташро дар Литсейи тоҷикӣ-туркии шаҳри Хуҷанд идома додааст. Вале пас аз се соли таҳсил дар Хуҷанд соли 2014 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз консертҳо ҳунари Шоҳрухро дида ӯро барои идомаи таҳсил ба Мактаби байнулмилалии шаҳри Душанбе даъват кард[3][4].

Шоҳрух Юнусов дар 12-солагӣ дар озмуни “Sanremo Junior 2010” дар Итолиё сазовори ҷоизаи аввал гардид[5].

  1. Шохрух Юнусов – наш человек в Милане. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 17 Январ 2023 санҷида шуд.
  2. Мансур Шоев. Тоҷикписаре, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Шоҳрух Юнусов кист?(тоҷ.). halva.tj. 17 Январ 2023 санҷида шуд.
  3. Шоҳрух дар Франкфурт "Шоҳҷоиза" гирифт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 17 Январ 2023 санҷида шуд.
  4. Шоҳрух Юнусов: раисҷумҳури Тоҷикистон роҳамро ба операи ҷаҳонӣ кушод(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (27 октябри 2017). 17 Январ 2023 санҷида шуд.
  5. Барномаи тафреҳии тоҷикӣ: 7 май(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian. 17 Январ 2023 санҷида шуд.