Шукур Султонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шукур Султонов
Шукур Муллобоевич Султонов
Таърихи таваллуд: 16 апрел 1932(1932-04-16) (90 сол)
Зодгоҳ: шаҳри Хуҷанд Тоҷикистон
Фазои илмӣ: ходими давлатӣ,олим

Шукур Султонов (16.04.1932, ш.Хуҷанд) — муаррих, ходими давлатӣ, доктори илми таърих (1980), профессор (1984).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шукур Муллобоевич Султонов ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1952). Ассистенти кафедраи максизм-ленинизми ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1952-53), аспиранти Пажуҳишгоҳи таърихи АИ ҶШС Тоҷикистон (1953-1956), сармуаллими кафедраи таърих ва таърихи ХКИШ-и ДДОЛ (1956-1961), лектори кумитаи хизби коммунистии в.Ленинобод (1960-61), дотсент, мудири кафедраи таърихи ХКИШ-и ДДОЛ (1961-1968), котиби илмӣ, ҷонишини директори Пажуҳишгоҳи таърихи хизби назди КМ ХК Тоҷикистон (1969-1985), вазири Вазорати маълумоти оли ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон (1985-1988), директори Пажуҳишгоҳи тахкикоти сиёси (1988-1991), профессори кафедраи таърихи сиёсии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1991-1993), ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маорифи в. Ленинобод (1993-1994), профессори кафедраи илмҳои ҷамъиятшиноси (1995-1998), мудири кафедраи таърихи сиёсии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд (аз с.1998). Муаллифи як катор рисолахо, бештар аз 300 мақолаи илмӣ ва илмӣю методи. Тахкикоти С. ба таърихи дигаргунсозиҳои инкилоби дар Тоҷикистон, инкишофи маданияти сотсиалистии халқи тоҷик, ташаккул ва инкишофи зиёиёни тоҷик, ҳамчунин масоили сохтмони хизби дар Тоҷикистон ва дигар чумхуриҳои Осиёи Миёна ва Казокистон бахшида шудаанд. С. ба тайёркунии кадрҳои илмӣю педагоги сахми арзанда гузоштааст. Депутати ШО ҶШС Тоҷикистон (даъвати II).

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тарбияи интернатсионалии донишҷӯён. -Д., 1970;
  • Интеллигенсияи Тоҷикистони Совети. -Д., 1970;
  • Партийное руководство культурным строительством в условиях развитого социализма (на материалах Тадж.ССР). -Д., 1976;
  • Тачдиди кишвари кухан. -Д., 1981;

Дар тахияи асарҳои бунёди, аз кабили «Тоҷикистон дар шароити ҷамъияти сотсиалистии мутаракки» (Д., 1974), «Очерки таърихи Хизби коммунисти Тоҷикистон» (Д., ч.1, 1980; ч.2, 1984), «Хизби коммунисти Тоҷикистон дар давраи Чанги Бузурги Ватани» (Д., 1983), «Таърихи Ленинобод» (Д., 1986) ва ғайра ба сифати муаллиф ва мухаррир ширкат варзидааст. Иштироккунандаи хамоишҳои илмӣи байналхалқи (ЧХМ, 1971; Испания, 1986; Олмон, 1989).

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени «Нишони Фахри», ифтихорномаҳои ШО ҶШС Тоҷикистон такдиронида шудааст.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html

Пайвандҳои беруна[вироиш | вироиши манбаъ]