Jump to content

Шукуфаи сабӯсмонанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шукуфаи сабӯсмонанд
МКБ-10 B36.036.0
МКБ-9 111.0111.0
DiseasesDB 10071
MedlinePlus 001465
eMedicine derm/423 
MeSH D014010

Шукуфаи сабӯсмонанд (Pityriasis furfuracea, Pityriasis versicolor, Tinea versicolor) — як навъ бемории пӯст, ки занбӯруғи Pityrosporum orbiculare ба вуҷуд меорад.

Ба рушди шукуфаи сабӯсмонанд серарақӣ, табларза (ҳангоми касалиҳои узвҳои дарунӣ), ихтилоли ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ (диабети қанд ва ғайра) мусоидат мекунанд. Ба шукуфаи сабӯсмонанд бештар калонсолон гирифтор мешаванд. Асосан дар мамлакатҳои иқлимашон гарм ва ҳавояшон хеле рутубатнок паҳн шудааст.

Дар мавриди гирифтор шудан ба шукуфаи сабӯсмонанд дар пӯсти китф, гардан, сандуқи сина ва шикам доғҳои гулобиранг ва дорчинӣ, ки пӯсташон хушкида мерезад, ба вуҷуд меоянд. Доғҳо дар атрофи масомаи фолликулаҳои мӯй ҷойгир шуда, ба ҳамдигар омезиш меёбанд. Ҳангоми молидани маҳлули 2-фоизаи спиртии йод манбаъҳои беморӣ йодро зуд меҷабанд ва ранги дорчинии тира мегиранд (озмоиши Балзер), ки онро дар ташхиси беморӣ истифода мебаранд. Баъди шуоъзании ултрабунафш ҷойи доғҳо сафед мешавад. Ҷараёни беморӣ музмин аст.

Шукуфаи сабӯсмонандро бо усули Демянович (ниг. Хоришак) ё эмулсияи обакии 20-фоизаи бензил-бензоат (дар давоми 3 рӯз) муолиҷа мекунанд; ба пайсаҳо инчунин марҳами 10-фоизаи сулфат ё марҳами Дегтяров мемоланд; молидани спирти салитсилии 3 – 5-фоиза ё маҳлули спиртии 3-фоизаи резорсин натиҷаи хуб медиҳад.

Пешгирӣ: аз муоинаи тиббӣ гузарондан ва ҳангоми зарурат муолиҷа кардани тамоми аъзои оила; ҷӯшондани либосҳои таг ва ҷойпӯшҳои бемор; риояи қоидаҳои маъмулии беҳдошти шахсӣ; муолиҷаи серарақӣ.