Бемориҳои пӯст
Бемориҳои пӯст, дерматозҳо (аз юн.-қад. δέρμα маънояш «пӯст») — номи умумии бемориҳое, ки дар сатҳи бадан ва андомҳо пайдо мешаванд.
Сабаб
[вироиш | вироиши манбаъ]Бемориҳои пӯст сабабҳои гуногун доранд. Такрибан 2 ҳазор бемориҳои пӯст мавҷуданд. Хусусан псориаз, экзема, нейродермит бештар паҳн шудаанд. Бемориҳои пӯст таснифи ягона надоранд. Ҳангоми тартиб додани як таснифот аз нишонаҳои пайдоиш ё ҷараёни бемориҳо истифода мекунанд (масалан, фотодерматозҳо, аллергодерматозҳо, бемориҳои занбӯруғӣ); дар мавриди таҳияи таснифоти дигар аломатҳои морфологии ҳасба (доначаҳое, ки дар пӯст медаманд) ба назар гирифта мешаванд. Дар робита ба ин, бемориҳои обилачадор (буллозӣ), кератозҳо ва ғайра мавҷуданд. Гурӯҳи нисбатан калонро бемориҳои аллергии пӯст ташкил медиҳанд (ниг. Аллергия). Онҳо зери таъсири омилҳои аллергияовари берунӣ ба вуҷуд меоянд (масалан, дерматитҳои аллергӣ, токсидермия, экземаи касбӣ ва ғайра). Омилҳои аллергияовари дохилӣ ба пайдоиши экзема, нейродермит, хоришак ва дигарон. бемориҳо мусоидат мекунанд. Аз бемориҳои сироятии пӯст бештар бемориҳои фасоддор (пиодермияҳо) ба мушоҳида мерасанд. Бемориҳои занбӯруғии пӯст низ маъмуланд (масалан, микроспория, трихофития, ҷараб). Гурӯҳи ҷудогонаи бемориҳои пӯстро бемориҳое ташкил медиҳанд, ки занбӯруғҳои хамирмояшакл ба вуҷуд меоваранд (масалан, кандидозҳо); ба ин гурӯҳ бемориҳои занбӯруғӣ (онихомикоз, эпидермофития, шукуфа) низ дохил карда мешаванд. Сабаби пайдоиши онҳо серарақӣ, кори вазнини ҷисмонӣ, риоя накардани беҳдошти шахсӣ, пӯшидани либоси номувофиқ ва ғайра мебошанд. Ба ин гуна бемориҳо дар ҳаммом, душ, ҳавзу кӯлҳо сироят ёфтан мумкин аст. Аз бемориҳои сироятии пӯст хусусан озах, моллюски сироятӣ, табхол бештар густариш ёфтаанд. Хоришак ва лейшманиоз бемориҳои маъмули ангалии пӯст мебошанд. Лейшманиоз дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бисёр дучор меояд.
Пӯст дар мавриди баъзе бемориҳои дигар, масалан, сил, склеродермия, диабети қандӣ ва ғайра низ осеб меёбад. Баъзе бемориҳои пӯст бадфарҷом буда, то ҳол табобати онҳо ёфт нашудааст (масалан, меланома, саратон, лимфосаркома ва ғайра).
Ттабобатии бемориҳои пӯст дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон аввалин муассисаҳои табобатии бемориҳои пӯст дар шаҳри Душанбе (1930) ва Хуҷанд таъсис ёфта будаанд. Дар таҳқиқи бемориҳои пӯст саҳми олимони ҷумҳурӣ И. И. Бондарев, А. И. Горожанина, Б. Р. Раҳматов, Исоева Е. Т., Зоиров П. Т., Исоева М. С. ва дигарон арзанда аст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоиров П. Т. Бемориҳои пӯст. Душанбе, 1999;
- Зоиров П. Т. Болезни кожи. Душанбе, 2002;
- Зоиров П. Т. Частная дерматология и венерология. Душанбе, 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бемориҳои пӯст // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.