Шулаш
Шулаш | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Cercis.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Cercis griffithii Boiss. | ||||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||||
|
Шулаш, гулафшон, арғувони куҳӣ, истак (лот. Cercis griffithii) — гунае дарахти хурди арғувонмонандест аз оилаи лубиёиҳо.
Тавсифоти
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз 3 то 10 м (диаметри танааш 6— 15 см) қад мекашад; сершоху сербарг аст. Пӯстлохи танааш дорчинии сиёҳтоб, шохчаҳои наврасаш буртоб. Баргаш гирдаи гурдашакл (дарозиаш 4—7 см, бараш 5—12 см), гулаш бунафши гулобӣ ё арғувонӣ (дарозиаш то 1,5 см), ғилофакаш кушодашавандаи якпалла (дарозиаш то 12 см, бараш то 2,6 см), 10— 14-то тухм дорад. Тухмаш лунда ё байзашакли сиёҳтоб, ҷилодор (дарозиаш то 0,6 см, бараш 0,5 см); вазни 1000-тоаш 50 г. Март — апр, гул мекунад; даврап гулаш 18—27 рӯз. Одатан баъди гулпартоӣ барг мабарорад. Мевааш дар давоми 18—27 рӯз (авг.) мепазад; дар муддати 2— 3 сол аз дарахт намерезад.
Шулаш дар СССР (Помиру Олой, Тиёншон, Кабуддоғ, Кавказ), Эрон ва Афғонистан меруяд. Шулашзорҳои Тоҷикистон асосан дар нишебиҳои ҷан. Қаторкуҳҳои Қаротегин, Вахш, Дарвоз ва Пётри 1 (1000—2200 м аз с. б.) ҷойгиранд. Бештар дар ҷангалзори гармсер (шибляк) бо писта, бодом, дулона, тилох, настаран, арча, фарк ва ғ. ҳамроҳ месабзад.
Шулаш дар шароити табиии республика аз тухм зиёд мешавад. Ниҳоли шулаш хеле суст нуму меёбад (мас., Шулаши 2-сола то 8—10 см қад мекашад). Дар парвардахона нисбатан тез месабзад; шулаши 2-сола 35—100 (баъзан то 160) см қад мекашад. Шулаш то 150 сол месабзад.
Солҳои охир шулашро дар бисьёр хоҷагиҳои ҷангали республика мепарваранд. Шулашзор нишебиҳоро аз обшӯй шудан боз медорад. Одатан ниҳоли 4—5 солаи шулашро кучат мекунанд. Шулаш дарахт хеле зебост (алалхусус дар айёми гулшукуфт); шохҳои онро гулҳои арғувонӣ зич мепушанд. Шулаш бисьёр кучаву хиёбонҳои Душанбе ва Хуҷандро ороиш медиҳад. Шулаш ҳар сол муттасил гул мекунад.
Шулаш растании доруӣ низ ҳисоб меёбад. Пеш дар ҷӯшоби гули он кудаки гул (гулак) баровардаро оббозӣ медоштанд («гулафшон» мекарданд).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шулаш // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).