Jump to content

Шуълаи Гулпойгонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шуълаи Гулпойгонӣ

Шуълаи Гулпойгонӣ (форсӣ: شعله گلپایگانی‎; 1714, Гулпойгони Луристон — 1780) — шоир ва пизишки форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тазкираҳо аз ҳолоту зиндагии ӯ маълумотҳои мухталиф омадааст. Шуълаи Гулпойгонӣ шоири хушзавқ ва тезкоре будааст. Ӯ дар 51-солагӣ ба иншои достони «Юсуф ва Зулайхо» шуруъ намуда, дар давоми чиҳил рӯз онро ба поён расонд. Инчунин манзумае дорад бо номи «Чоҳи висол», ки дар он мулоқоти Лайлӣ ва Маҷнун дар чоҳ тасвир ёфтааст. Нусхаҳои хаттии ҳар ду асари шоир дар китобхонаҳои Эрон нигоҳ дошта мешаванд. Шуълаи Гулпойгонӣ дар табибӣ ҳам шуҳрат доштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шуълаи Гулпойгонӣ / С. Асадуллоев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).