Эдгар Блоше
фр. Gabriel-Joseph Edgard Blochet | |
Таърихи таваллуд | 12 декабр 1870[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 5 сентябр 1937[1] (66 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ[2], таърихи дин[d][2], bibliographic activity[d][2] ва translating activity[d][2] |
Габриэл Жозеф Эдгар Блоше (фр. Gabriel-Joseph Edgard Blochet; 12 декабри 1870, Бурже — 5 сентябри 1937, Порис) — шарқшиноси фаронсавӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мадрасаи забонҳои Шарқи Париж (Коллеҷ де Франс) ва Дорулфунуни Париж таҳсил карда, дар ҳамин таълимгоҳҳо забонҳои Шарқ, аз ҷумла арабӣ, форсӣ, туркӣ ва ғайраро омӯхт. Баъд аз хатми дорулфунун (1895) дар бахши нусхаҳои хаттии Китобхонаи миллии Фаронса ба кор омад. Дар оғоз муовини китобдор, сипас китобдор аз соли 1929 то 1935 муовини раёсати Китобхонаи миллии Фаронса буд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти илмии Блоше дар се самт
- а) феҳристнигорӣ,
- б) тарҷума ва таълифи китобҳо оид ба ислом ва адабиёти арабӣ,
- в) эроншиносӣ ҷараён гирифтааст.
Кори асосии Блоше феҳристнигорӣ буд. Вай дар 4 ҷилд «Феҳристи нусхаҳои хаттии форсии Китобхонаи миллии Фаронса» («Cataloque des manusrits person de la BNF»)-ро тартиб дод (ҷ. 1 соли 1905, ҷилдҳои охираш соли 1934 чоп шудааст). Ин китоби бузург дорои 1740 барг буда, яке аз машҳуртарин феҳристҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Баъд аз мурттаб сохтани ҷойҳои китоби мазкур ба Китобхонаи миллии Фаронса китобҳои дигар ба форсӣ, арабӣ, туркӣ ворид гардиданд, ки Блоше феҳристи китобҳои ба тозагӣ воридшуда, инчунин китобҳои арабию туркии ба китобхона ҳадяшуда, феҳристи осори адабиёти пешазисломии эрониро тартиб дода, мунташир намудааст. Наққошиҳои дар нусхаҳои хаттӣ мавҷудбударо низ мавриди омӯзиш қарор додааст («Наққошиҳои нусхаҳои хаттии арабӣ, форсӣ ва туркии Китобхонаи миллии Фаронса», 1911). Ба гурӯҳи асарҳои дар бораи ислом, адабиёти арабӣ ва таърихи кишварҳои Арабистон нигоштаи Блоше «Маъхазҳои шарқии „Мазҳакаи Илоҳӣֺ“-и Данте» (1901), «Парастиши Афродита — Аноҳита дар миёни аъроби ҷоҳилият» (1902), «Институтизории масеҳият дар дигаргунии исломӣ» (1903), «Таъсири масеҳият ва ойини Буддо дар ислом» (1925-26), тарҷумаи асарҳои таърихӣ оид ба кишварҳои араб — Яман, Миср ва ғ. дохил мешаванд. Блоше ҷ. 2 «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳро бо муқаддима ба табъ расонидааст. Ӯ асосан, ба омӯзиши осори адабиёти паҳлавӣ (форсии миёна) ва забони паҳлавӣ машғул шудааст, ки унвони баъзе аз онҳо бадин қарор аст: «Мутуни паҳлавии институти шорнаёфтаи марбут ба ойини зардуштӣ» (1895); «Баррасии замоири шахсӣ дар забони паҳлавӣ» (1896); «Баррасиҳои дастури забони паҳлавӣ» (1905); «Баррасии таърихи мазҳабии Эрон» (1898-99); «Баррасии номи туркон дар Авесто» (1915) ва ғ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- A Bibliography of Pre-Islamic Persia, ed. J. D. Pearson. Mansell, 1975;
- Ross E. D., introd. Musulman Painting XII—XVII Centure, by E. Blochet, tr. C. M. Binyon. New York, 1975;
- Sanvaget J. Intoduction to the history of the muslim East. Westport, 1982;
- Ghani C. Iran and the West. London, 1987;
- عبدالحیخروش. فرهنگاسلامشناسانخارجی. اصفهان،۱۳۶۲هـ. ش.؛
- دائرةالمعارفبزرگاسلامی.ج۱۲. تهران،۱۳۷۳هـ. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Блоше Габриэл Жозеф Эдгар / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 12 декабр
- Зодагони соли 1870
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 5 сентябр
- Даргузаштагони соли 1937
- Даргузаштагони Порис
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шарқшиносон