Адирна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Эдирна)
Адирна
тур. Edirne
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис асри II
Баландӣ
42 ± 1 м
Вақти минтақавӣ UTC+02:00, UTC+03:00 ва DAZD[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 180 327 тан (2018)
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 284
Нишонаи почта 22 000
Коди мошинҳо 22
Вебгоҳи расмӣ(тур.)
Адирна дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Калисои Ҷорҷи муқаддас

Адирна (тур. Edirne), инчунин Адрианопол (юн. Αδριανούπολη) ва Одрин (булғ. Одрин) — шаҳр ва ноҳия дар қисми шимолу ғарбии Аврупоии Туркия, ки маркази маъмурии вилояти Адирна аст. Дар соҳили дарёи Эврос (Марица) дар назди сарҳад бо Юнон, 20 км дуртар аз сарҳад бо Булғористон ва 235 км дуртар аз Истанбул ҷойгир аст. Аҳолӣ 180 327 нафар (2018).

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҳри Адрианопол ( юн. Aδριανούπολις лот. Hadrianopolis аз ҷониби императори Рум Ҳадриан (Hadrian) Адриан, таъсис дода шудааст [1] дар кишвари фракиёиҳо (Thracian) шаҳраке, ки номи Uskudam дошт ва пойтахти Шоҳигарии Одрис (Odris) буд. 9 августи соли 378 дар наздикии Адрианопол байни лашкари артиши Рум таҳти фармондеҳи император Валент ва қабилаҳои Готҳо муҳорибае баргузор шуд. Румиён пурра мағлуб шуданд, император Валент кушта шуд.

То асри XI, шаҳр маркази машҳури дини масеҳӣ, gатриархати Константинопол буд.

14 апрели соли 1205 дар байни салибидорон бо сарварии Болдуин I ва лашкари муттаҳидшудаи булғорӣ-половетсӣ бо роҳбарии шоҳи Булғористон Калоян, муҳрибае баргузор шуд, ки ба шикасти пурраи салибидорон оварда расонд.

Соли 1362 туркҳои усмонӣ шаҳрро забт карданд. Аз соли 1365 то 1453 Адрианопол-Адирна пойтахти Имперотурии Усмонӣ буд. Дар давоми ҷангҳои Имперотурии Усмонӣ бо Австрия, Речи Посполит, Русия дар асрҳои XVI-XVIII шаҳр макони асосии ҷамъоварии артиши туркҳои усмонӣ буд.

Бо сар задани Ҷанги озодихоҳии Юнон дар соли 1821, туркҳо Патриархи Константинопол Кирилл VI-ро ҳамроҳ бо гуруҳи дигари адрианополиҳои юнонӣ дар ин ҷо овехтанд. Дар давоми ҷангҳои русӣ-туркӣ, шаҳр ду маротиба аз ҷониби аскарони рус ишғол шуда буд: дар соли 1829 ва соли 1878. Соли 1829 дар ин шаҳр Суҳномаи Адрианопол ба имзо расид.

Дар давраи Ҷанги якуми Балкан дар соли 1913, пас аз муҳосираи тӯлонӣ, Адрианополро қувваҳои артиши Булғористон забт карда, мувофиқи шартномаи Лондон (1913) ба Булғористон интиқол доданд. Дар натиҷаи Ҷанги дуюми Балкан шаҳр ба Имперотурии Усмонӣ баргардонида шуд.

Пас аз Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ ва тибқи муқаррароти Сулҳномаи Севр, шаҳр, ба мисли қариб ҳамаи Фракияи Шарқӣ, дар солҳои 1920-1922 ба Шоҳигарии Юнон дохил мешуд. Аммо тибқи созишномаҳои Лозанна, юнониҳо маҷбур шуданд шаҳрро дар соли 1923 ба Ҷумҳурии Туркия супоранд.

Таркиби миллӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давраи тобеъият ба Византия, дар ин шаҳр аҳолии омехтаи юнонӣ - булғорӣ сокин буданд, инчунин диаспораи арманиҳо мавҷуд буд. Бо вуҷуди давраи тӯлонии ҳукмронии Имперотурии Усмонӣ, дар маҷмӯъ мусулмонон ва алахусус туркҳо ҳеч вақт аксарияти аҳолии ин шаҳрро ташкил намедоданд. Соли 1912 дар шаҳр ва минтақа аҳолии зерин зиндагӣ мекарданд:

  • Туркҳо - 44 953 нафар
  • Юнониҳо - 41,285 нафар
  • Яҳудиён - 9,500 нафар
  • Булғориҳо - 7000 нафар
  • Арманиҳо - 3500 нафар [2]. Аксарияти юнониҳо ва яҳудиён шаҳрро пас аз соли 1923 тарк карданд.

Ҷойҳои тамошобоб[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Масҷиди Юч-Шерефели
  • Масҷиди Салимӣ
  • Қасри Адирна
  • Осорхонаи тиббии Султон Баязиди II
  • Корвонсаройҳои Рустам Пошо ва Экмекчиоғлу Аҳмад Пошо
  • Калисои Санкт-Георгии Булғорӣ
  • Капикуле - гумрук дар назди Адирна дар сарҳади байни Туркия ва Булғористон

Нигористон[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Адрианополь // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890. — Т. I. — С. 191—192.
  • Hadrianopolis // Реальный словарь классических древностей / авт.-сост. Ф. Любкер ; Под редакцией членов Общества классической филологии и педагогики Ф. Гельбке, Л. Георгиевского, Ф. Зелинского, В. Канского, М. Куторги и П. Никитина. — СПб., 1885. — С. 585.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Эдирне // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
  2. Sotiriadis, George. An Ethnological Map illustrating Hellenism in the Balkan Peninsula and Asia Minor. — London: E. Stanford, Ltd., 1918.