Элизабет Гутеррес

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Элизабет Гутйеррес)
Элизабет Гутеррес
англ. Elizabeth Gutiérrez
Ном ба ҳангоми таваллуд: Elizabeth Gutiérrez Nevárez
Таърихи таваллуд: 1 апрел 1979(1979-04-01) (44 сол)
Зодгоҳ: Лос Анҷелес, Калифорния, ИМА
Шаҳрвандӣ:  ИМА
Касб: ҳунарпеша
модел
Корнома: 2003-то ҳол
IMDb: ID 1868445
 Парвандаҳо дар Викианбор

Элизабет Гутеррес Неварес (англ. Elizabeth Gutierrez Nevarez ; тав. 1 апрел 1979, Лос Анҷелес, Калифорния, ИМА) — ҳунарпешаи теленовела ва модели латиноамрикоӣ. Ҳамсари ҳунарпеша Вилям Левӣ мебошад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Элизабет дар оилаи мексикоиҳо дар Лос Анҷелеси ИМА таваллуд шудааст. Падараш аз Халиско ва модараш аз Дуранго мебошанд. Элизабет духтари хурди буда, панҷ хоҳар ва як бародар дорад. Вақте ӯ панҷсола буд, ӯ ба Халиско баргаштааст ва онҷо дар мактаби миёнаи монахӣ таҳсил намудааст. Ҳангоми даҳсола буданаш ӯ бо волидонаш ба ИМА баргаштанд.

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Элизабет дар соли 2009

Фаъолияти Элизабет бо моделӣ оғоз шудааст. Ӯ аввал ҳамчун модел дар бозӣ-шоуи амрикоӣ The Price Is Right баъдан дар мавсими дуввуми реалити шоуи Protagonistas de Novela иштирок намудаааст[1].

Оғози ҳунарнамоӣ дар силсилафилмҳо бошад соли 2006 дар сериоли ширкати телевизионии Cisneros Media Ҳеҷгоҳ фаромӯшат нахоҳам кард (исп. Olvidarte jamás) мебошад, ки нақши Изобели золимро бозидааст. Ӯ сериолро бо сабаби аввалин ҳомиладорияш дар қисмати 100-ум тарк намуд[2]. Дар соли оянда бо шавҳараш Вилям Левӣ дар сериоли Acorralada нақши Паоларо иҷро намудааст[3] ва ин сериолро низ барои иҷрои нақши асосӣ дар силсилафилми Муҳаббати харида (исп. Amor comprado, 2007), тарк намудааст. Соли 2007 ӯ инчунин дар минисериоли Isla paraíso нақши марказиро бозидааст, ки сериол аз 15 қисми 2 дақиқаӣ иборат мебошад. Ин сериолро шабакаи Venevisión ба намоиш гузоштааст. Соли 2008 ба Элизабет боз як пешниҳоди аз тарафи ширкати филмистеҳсолкунии Telemundo барои иҷрои нақши марказӣ дар силсилафилми Ниқоби Онолиё (исп. El rostro de Analía) шуд, ки ӯро машҳури ҷаҳон намуд. Ин сериол зиёда дар 50 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта шудааст, ки дар Тоҷикистон низ тариқи фиттаҳо бо тарҷумаи забони форсӣ дастраси мардум гашт. Ҷуфти ӯро дар сериол Мартин Карпан бозидааст.

Соли 2009 ба ӯ ду пешниҳод дар нақшҳои дуввумдараҷа шуд, ки яке иҷрои нақши Пересило дар силсилафилми "Тилисми зебо" (исп. Bella calamidades) буд,ки ӯ рад намуд? (Адриана Кампос бозидааст), ва дигаре иҷрои нақши Росендаи золим дар сериоли Дили сангин (исп. Corazón salvaje) буд, ки қабул намуда бо ҳунарпешаҳои маъруф Араселӣ Арамбула ва Эдуардо Янез ҳунарнамоӣ намудааст ва аз тарафи мунаққидон иҷрои ӯро баҳои мусбӣ доданд[4].

Сеюмин нақши марказии ӯ дар сериоли машҳури Рӯҳи Ҳелено (исп. El fantasma de Elena) мебошад, ки ин силсилафилм зиёда дар 70 кишвар ба намоиш гузошта шудааст. Сериол машҳурияти зиёде ба ӯ овард. Нақши марказии писаронаро Сегундо Сернадас иҷро намудааст [5]. Ӯ инчунин дар қисмати аввали сериоли "La Mala, La Buena y La Tonta" нақш бозидааст, аммо лоиҳаро тарк намудааст. Элизабет соли 2010 дар реалити шоуи Mira quién baila иштирок намудаааст. Соли 2012 дар сериоли "Роҳи қасос" (исп. El rostro de la venganza), нақши дуввумдараҷаро бозидааст. Қаҳрамони ӯ Морионо Сан Лукос модели пулпараст буда, дӯстдухтари падару писар мебошад. Ин сериолро низ тарк намудааст.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми банаворгирии Protagonistas de Novela соли 2003, ки шарики ӯ Вилям Левӣ буд, ошноӣ пайдо намуд[6]. Ва миёни онҳо муносибатҳои ошиқона оғоз шуда, ҳоло бо никоҳи шаҳрвандӣ якҷоя зиндагӣ менамоянд. Соли 2006 онҳо соҳиби писарбачае Кристофер Александра гардиданд. Ва 6 марти 2010 Элизабет духтарчае Кейли Александра таваллуд намуд[7].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 2011: Маҷаллаи People en Español ӯро дар феҳристи "50 зеботарин шахс" ҷой намуд.[8]

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Феҳристи сериолҳо, нақшҳо ва филмҳо бо иштироки Элизабет Гутӣеррес
Сол Номи филм Бо забони тоҷикӣ Нақш Шарҳ
2003 Protagonistas de Novela Худаш Реалити-шоу
2004 Lingerie Bowl Худаш Реалити-шоу
2005 The Price Is Right Худаш Бозӣ-шоу
2006 Olvidarte jamás Ҳеҷгоҳ фаромӯшат нахоҳам кард Изобел Нойро
2007 Acorralada Паола
2008 Amor comprado Муҳаббати харида Морионо Гомез
2008 Fotonovela Мелони / Вонилло Филм
2008–2009 El rostro de Analía Ниқоби Онолиё Оно Лусиё "Онолиё" Монкадо / Морионо Ондроде 178 қисм
2009–2010 Corazón salvaje Дили сангин Росенда Монтес де Ока 102 қисм
2010–2011 El fantasma de Elena Руҳи Ҳелено Ҳелено Лейф 117 қисм
2011 Mira quién baila Худаш Реалити-шоу
2012 El rostro de la venganza[9][10] Роҳи қасос Морионо Сан Лукос 173 қисм
2017 Milagros de Navidad Милагрос ва Навидод Лолито Мортинез Қисмати: "Лолито"[11]
2018 El fantasma de mi novia Ҳелено Филм[12]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Terra "Elizabeth Gutiérrez en Protagonistas de Novela"
  2. Chevere News "Entrevista a Elizabeth Gutiérrez - Olvidarte jamás como antagonista" Бойгонӣ шудааст 25 июли 2015  сол. - atualizado novembro de 2008
  3. Organización Cisneros "Venevision anuncia premiere de Acorralada - cuenta con la actuación de Elizabeth Gutiérrez" Бойгонӣ шудааст 29 июли 2012  сол. - atualizado dezembro de 2008
  4. Portal esmas "Elizabeth Gutiérrez se integra a 'Corazón Salvaje'" Бойгонӣ шудааст 14 сентябри 2011  сол. - atualizado agosto de 2009
  5. Yahoo entretenimiento "Lucha por el amor desde el más allá"
  6. Latin Times (2006), https://www.latintimes.com/william-levy-elizabeth-gutierrez-shut-haters-post-pda-photos-social-media-380411
  7. Elizabeth Gutierrez sorprende a William Levy en su cumpleaños (Spanish). TVyNovelas (August 29, 2017). 9 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 сентябри 2018.
  8. People en español "Elizabeth Gutiérrez una de los 50 más bellos" Бойгонӣ шудааст 2 май 2011  сол. - actualizado abril 2011
  9. Fridmann, Mandy Elizabeth Gutiérrez abandona 'El Rostro de la Venganza'. ¿Entra Marlene Favela? (Spanish). HuffPost (August 10, 2012). 9 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
  10. Fridmann, Mandy Elizabeth Gutiérrez miedo a que la odien por 'El Rostro de la Venganza' (Spanish). HuffPost (August 1, 2012). 9 апрели 2018 санҷида шуд.
  11. TELEMUNDO Presents MILAGROS DE NAVIDAD (CHRISTMAS MIRACLES), Uplifting Emotional Stories of Hope and Triumph Starting 11/27 at 8PM/7C. BroadwayWorld.com (November 21, 2017). 9 апрели 2018 санҷида шуд.
  12. Mabry, Alexander William Levy y Carmen Villalobos: detrás de cámaras de El fantasma de mi novia (Spanish). People en Español (January 5, 2017). 7 май 2018 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]