Адриана Кампос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Адриана Кампос
исп. ‌Adriana Campos
Ном ба ҳангоми таваллуд: Adriana Campos López
Таърихи таваллуд: 27 феврал 1979(1979-02-27)
Зодгоҳ: Чапарал, Толима, Колумбия[1]
Таърихи даргузашт 3 ноябр 2015(2015-11-03) (36 сол)
Маҳалли марг: Салгар, Антиокия, Колумбия[2]
Шаҳрвандӣ:  Колумбия
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2000-2015
IMDb: ID 0133189
 Парвандаҳо дар Викианбор

Адриана Кампос Лопез (исп. Adriana Campos López; 27 феврал 1979 Чапарал, Толима, Колумбия3 ноябр 2015 Салгар, Антиокия, Колумбия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони колумбӣ. Адриана бисёртар дар силсилафилмҳои телевизионҳои RCN Television, Caracol Televisión ва Telemundo кор кардааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Адриана Кампос 27 феврали соли 1979 дар шаҳри хурди Чапаралл, дар ҷанубу ғарби пойтахти Колумбия шаҳри Богота таваллуд шудааст. Дар синни ҳаштсолагӣ ӯ ба мактаби рақс рафта, орзуи раққосаи касбӣ шуданро дошт. Волидон ба интихоби ӯ зид набуданд. Пас аз хатми мактаби миёна, Адриана барои таҳсил дар донишгоҳ ба Богота кӯч баст.

Адриана Кампос солҳои охир кор намекар. Ӯ тамоми вақти холии худро ба нигоҳубини писараш сарф кард. «Модарӣ - ин туҳфаи беҳтарини ман аз ҷониби Худо аст», - иқрор шуда буд ӯ.

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯзе ӯ тасодуфан ба студияи филм ворид шуд, ки дар он лаҳза банаворгирии силсилафилми машҳури колумбӣ "Padres e hicos" мерафт. Ӯро коргардон мушоҳида намуда аз ӯ хоҳиш намуд то аз санҷиш гузарад. Кампос, ки қаблан дар саҳна баромад намекард, аз кастинг бомуваффақият гузашт ва нақши камеоиро ба даст овард. Пас аз он ӯро ба якчанд намоишномаҳо даъват намуданд. Ҳамин тавр, ӯ дар теленовелаи "Зорро: шамшер ва садбарг" бо Кристиан Мейер, Марлене Фавела, Андреа Лопез ва Наташа Клаусс нақш бозидааст - он дар бисёр кишварҳо бомуваффақият ба навор гузошта шуд.

Соли 2004 ӯ барои нақши дуюмдараҷа Маргарита дар теленовелаи "Te voy a enseñar a querer" (Дӯст доштанро ба ту меомӯзад) даъват шудааст, ки бо ҳунарпешаҳои машҳур Данна Гарсия, Мигел Варонӣ, Мишел Браун, Катрин Сиачоке ва Мартин Карпан нақш бозидааст. Иҷрои ӯ баҳои баланд гирифт. Ӯ соли 2009 дар теленовелаи машҳур "Тилисми зебо" (исп. Bella Calamidades) нақши Пересило Кордоноро иҷро намудааст, ки машҳурияти Адриана марзи Амрикои Лотиниро убур намуд. Дар ин силсилафилми ӯ инчунин дар қатори Данна Гарсия, Сегундо Сернадас, Кэтӣ Барберӣ ва Мария Ҳелено Доеринг ҳунарнамоӣ намудааст

Ҳарчанд Адриана нақшҳои марказиро набозида бошад ҳам, дар мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ машҳурияти бузурге дошт.

Ӯ ду маротиба дар маросими ҷоизасупории TVyNovelas дар номинатсияи" Беҳтарин ҳунарпеша дар нақши дуюмдараҷа" барои нақшҳо дар теленовелаҳои "Ҳамсоягҳо" (исп. Vecinos) ва "Тилисми зебо" (исп. Bella Calamidades) пешниҳод шудааст.

Ҳаёти шахсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адриана соли 2010 якчанд муддат бо ҳунарпеша Маурисио Очманн муносибати ошиқона дошт, аммо муносибати онҳо дер давом накард. Ӯ бо соҳибкор Карлос Ринкон номзадӣ намуд. Соли моҳи августи 2014 Адриана барои таваллуди писараш Ҷеронимо ба рухсатӣ баромадааст[3]. Адриана як хоҳар Лилиана дорад [4].

Вафот[вироиш | вироиши манбаъ]

3 ноябр 2015 Адриана бо номзадаш Карлос ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда ба ҳалокат расидаанд, ки ӯ 36 сол дошт[4]. Ҳангоми ҳодиса онҳо аз шаҳри Меделин бар мегаштанд ва нақлиётро номзади ӯ Карлос идора менамуд, ки ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба дарёи Каука меафтанд[5]. Ин ҷуфт ба шаҳр барои анҷоми якчанд корҳои пеш аз маросими туяшон рафта буданд, хушбахтона кудакашон ҳамроҳашон набуд.

Филмнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Силсилафилмҳо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2000 Se armó la gorda Лусия Галан Нақши дебютӣ дар силсилафилмҳо
2000 A donde va Soledad Марина Рестрепо
2001 El inútil Ҷекӣ Руиз
2004 Te voy a enseñar a querer Маргарита Анҷелес
2006 Amores de mercado Мириам "Мирӣ" Мендизабел
2007 El Zorro, la espada y la rosa Юмалай / Тойпурния Реҷино
2007 Madre Luna Зулма Морено
2007 Victoria Пенелопе
2008 Tiempo final Мара Мавсими 1,қисми 11
2008 Vecinos Николе
2008 Padres e hijos
2009 Sin retorno Электра Қисмати: "El último Show"
2009 Bella Calamidades (Тоҷикистон Тилисми зебо) Пересило Кордоно
2011 Padre desalmado Соро
2011 Postales Colombian as Марина
2011 Esto está que arde Кларисса
2012-2013 Casa de reinas Медселина Мерлано
2013 Amo de casa Янет Камачо
2015 La tusa Лусия Мартинез

Филмҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Театр[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

TVyNovelas Awards

  • 2008: Беҳтарин ҳунарпешаи дуюмдараҷа Vecinos.
  • 2010: Беҳтарин ҳунарпешаи дар нақши бадхоҳ Bella Calamidades.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]