Jump to content

Эллий Благовешенский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эллий Благовешенский
Благовешенский Эллий Николаевич
Таърихи таваллуд 18 апрел 1912(1912-04-18)
Зодгоҳ Красноярск
Таърихи даргузашт 5 май 1968(1968-05-05) (56 сол)
Фазои илмӣ геоботаник, хокшинос

Благовешенский Эллий Николаевич (18.4.1912, Красноярск — 5.5.1968, шаҳри Душанбе) — геоботаник, хокшинос, доктори илмҳои ҷуғрофиё (1943).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Университети давлатии Ленинград (1935). Ходими илмии Озмоишгоҳи биёбонии Репетеки Туркманистон (1935-49), директори мамнӯъгоҳи Репетек, мудири шуъбаи хокшиносии Институти биёбони ҶШС Қазоқистон (1949-53), ходими калони илмӣ (1954-61), мудири шуъбаи гидрология ва мелиоратсияи заминҳои лалмии Институти таҳқиқоти илмии хокшиносии Тоҷикистон (1962-68) буд. Бо даъвати ЮНЕСКО дар Институти марказии ноҳияҳои иқлимашон хушки Ҳиндустон (Ҷодпур) ба ҳайси нозир ифои вазифа намудааст (1962-63). Муаллифи зиёда аз 70 асару мақолаи илмист. Благовешенский оид ба масъалаҳои ташаккули набототи Туркманистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, бешазоркунии Қароқум, низоми об ва намаки хокҳои назди Балхашу Қароқум, Тоҷикистони Ҷанубӣ, мувозанати оби заминҳои лалмии Тоҷикистон ва ғ. пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст.

  • Водный режим почвогрунтов в пустынях Средней Азии. Сталинабад, 1958;
  • Режим почвенной влажности в предгорях Гиссарского хребта//Тр. Ин-та почвоведения АН Таджикской ССР. Т. 9, 1960;
  • Продольные золовые формы рельефа в Таджикистане// Докл. АН Таджикской ССР. Т. 4, 1961, № 2;
  • Сухие саванны Северо-Западной Индии//Проблемы освоения пустынь, 1967, № 1;
  • Внутрипочвенный влагооборот в сероземах и коричневых почвах//Тр. Института почвоведения. Т. 13, в. 1, Д., 1969.