Jump to content

Эшони Файзи Алам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эшони Файзи Алам
Тахаллусҳо: Алам
Номи пурра Эшони Файзи Алам
Зодгоҳ: деҳаи Дуоби Муъминобод
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Эшони Файзи Алам (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (охири садаи XIX — ибтидои садаи XX).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар деҳаи Дуоби ноҳияи Муъминобод зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аввал дар мадрасаи деҳаи Ғеши Муъминобод, баъдан дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардааст.

Дар девони ашъораш (5 500 байт) шеърҳояш дар анвои гуногун — ғазал, қасида, рубоӣ, маснавӣ ва ғайра фароҳам омадаанд. Дар пайравӣ ва сабку услуби гузаштагон — Ҳофиз, Ҷалолуддини Балхӣ, Бедил ва дигарон ғазал гуфтааст. Дар ғазалиёташ ба мавзӯъҳои ирфон, тасаввуф, панду андарз, ситоиши ахлоқи ҳамида, дурӣ ҷустан аз фиребу найранг, бо меҳнати ҳалол нон хӯрдан ва ғайра дахл кардааст. «Мунтахабот»-и Алалия соли 2008 бо кӯшиши Б. Латифов ба табъ расидааст.

  • Латифов Б., Таносуби сухан дар шеъри Алам, «Адаб», 2008, № 1.