Jump to content

Юнони Бостон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Юнонӣ Қадим)
Юнони Бостон
Нигора
Қитъа Аврупо
Indigenous to Юнон
Пули миллӣ ancient Greek coinage[d]
Ҳаммарз бо Thrace[d], Illyria[d] ва Шоҳаншоҳии Эрон
Замони оғоз асри XII то м.
Замони поён 600
Омӯхта мешавад дар таърихи бостон[d], юноншиносӣ[d] ва classics[d]
Economy of topic economy of ancient Greece[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Юнони Бостон, Юнони Қадим, Элла́да (юн.-қад. Ἑλλάς) — ном умуми қаламравҳои давлат-шаҳрҳо (пулис) дар ҷануби нимҷазираи Балкан, ҷазираҳои баҳри Эгей, соҳилҳои Фракия ва бахше аз Осиёи Хурд.

Бино ба маълумоти археологӣ одамон аз давраҳои қадим маскуни терр. Юнон буданд. Дар садаҳои 8—6 то м. шакли алоҳидаи ташкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Юнони Бостон — полис (шаҳр — давлати аҳолиаш гражданҳои озод) ба вуҷуд омад. Аҳолии озоди полис соҳиби ғулом ва замин буд. Қасабасозии Юнони Бостон дар ҳамин давра авҷ гирифт. Дар заминҳои соҳили шимолии баҳри Эгей, қисми терции Сисилия, соҳилҳои халиҷи Терентии Италия ва соҳилҳои дарёи Сиёҳ қасабаҳои Юнони Бостон буньёд ёфтанд. Дар Юнони Бостон савдо аҳамияти байналхалқӣ пайдо кард. Муборизаи Демос бар зидди аъёну ашрофи авлодӣ ва ба ғулом табдил ёфтани одамони қарздор хусусияти асосии садаҳои 8—6 то м. мебошад. Дар охири садаи 6 то м. бо сардории Спарта иттиҳоди чанд шаҳр — иттиҳоди Полопонисс таъсис ёфт. Мустаҳкамшавии мавқеи Афина боиси тараққиёти Юнони Бостон гардид. Вай барои ғолиб омадани юнониён дар Ҷанги Юнону Эрон (300—449 то и.) роли калон бозид. Хусусан дар аҳди Перикл (443—429 то м.) Афина ба авҷи тараққиёт расид. Қатъи наар аз ин байни Афина ва Коринф дар масъалаҳои роҳи тиҷоратии Ғapo, байни Афина ва Спарта дар масъалай ҳукмронӣ дар Юнони Бостон зиддияти қатъӣ вуҷуд дошт, ки он боиси ҷанги Пелопоннес (431—404 то м.) гардид. Ҷанг бисьёр полисҳоро ба гирдоби худ кашида, нотавонии иттиҳоди Афинаро нишон дод ва бо мағлубияти он ба охир расид. Афина аз тамоми территорияи берунаи худ маҳрум гашт ва флоташ ба ихтиёри Спарта гузашт. Дар Ю. Қ давраи ҳукмронии Спарта оғоз ёфт. Дар ҷанг ба ғайр аз Афина, дигар шаҳрҳо низ талафот доданд. Иқтидори ҳарбии полис суст шуд. Тараққиёти минбаъдаи ғуломдорӣ, тиҷорат, ҳунармандӣ, хоҷагии молию пули асоси полисро вайрон кард. Қашшоқшавии деҳқонон ва ҳунармандон вазъияти полисро боз ҳам вазнинтар гардонд.

Спарта соли 395 ба муқобили Коринф ҷанг (395—387 то м.) cap кард. Афина, Коринф ва дигар иттиҳоди давлатҳо бар зидди Спарта ҷангиданд. Мувофиқи сулҳномаи Анталкид (387) Спарта ҳудуди бар ҳамаи шаҳрҳои Юнони Бостон назорат карданро гирифт. Спарта душмани асосии мустақилият ва озодии Юнони Бостон гардид. солҳои 378—377 ба муқобили Спарта иттиҳоди дуюми баҳрии Афина таъсис ёфта, ба он Фива ҳам дохил шуд. Соли 371 дар муҳорибаи назди Левктра фивагиҳо қушунҳои Спартаро мағлуб карданд. Баъди дар муҳорибаи назди Мантинея (362) ҳалок гардидани сарлашкари фивагиҳо — Эпаминонд давраи тараққиёти кутоҳмуддати Фива ба охир расид. Афина дар иттиҳоди дуюми Афина хост мавқеи худро мустаҳкам немуда, тартиботи иттиҳоди якуми баҳриро ҷорӣ кунад. Ин дар байни иттиҳодчиён низоъ ба амал оварда, сабаби ҷанги солҳои 357—355 то м.-и иттиҳодчиён гардид, ки дар натиҷа иттиҳод барҳам хурд. Дар ин давра дар шимоли Юнони Бостон Мақдуния торафт пурқувват мегардид. Шоҳи Мақдуния Филиппи II бо баҳонаи муҳофизати озодии эллиниҳо тадриҷан Юнони Бостонро ба даст даровард. У аввал соҳилҳои Фессалия, сипас Фокида, Халкидика ва Фракияро ба тасарруфи худ даровард. Дар ин давра дар Афина ва дигар полисҳо байни гуруҳҳои Мақдуния ва муқобилони он мубориза cap шуд. Бо роҳбарии Демосфен ба муқобили Мақдуния иттиҳоди шаҳрҳои Юнони Бостон ташкил ёфт. Вай дар муҳорибаи назди Херонея (338) мағлуб шуд. Филиппи II солҳои 338—337 то м. дар Коринф конференсия даъват намуда, тобеи Мақдуния гаштани Юнони Бостонро ба расмият даровард. Дар тамоми полисҳо тартиботи олигархи ҷорӣ гардид, ки онро гарнизонҳои мақдунӣ дастгирӣ мекарданд.

Муҳорибаи назди Херонея ва бо сардории Искандари Мақдунӣ ғалаба кардани қушунҳои юнонию Мақдунӣ дар Юнони Бостон ба давраи эллинизм бтидо гузошт. Баъди вафоти Искандар (323) империяи ӯ пароканда шуд. Ба ҷои он давлатҳои мустақили элинӣ ба вуҷуд омаданд. Империяи Селевкиён мутлақияти Птолемейҳо ва Мақдуния калонтарини онҳо буданд. Далвтаҳои Юнони Бостон бо ёрии Афина мекушиданд аз ҳукмронии Мақдуния раҳо ёбанд. Вале Афина дучори мағлубият шуд. Ду иттиҳоди пурқувват: Архея ва Этолия гоҳо ҳамроҳ гоҳо алоҳида ба муқобили Мақдуния мубориза мебурданд. Агар ба иттиҳоди Архея қисми зиёди Плеопоннес ва шаҳрҳои калон дохил шуда бошанд, ба иттиҳоди Этолия ғайр аз Этолия қисми миёнаи Юнони Бостон (ба ғайр аз Афина), ҷануби Фессалия ва якчанд шаҳрҳо дохил буданд. Ҷангу ҷидолҳои ворисони Искандар ва муборизаи ду иттиҳод барои ҳокимияти Юнони Бостон боиси харобии бисёр шаҳрҳо ва ба ғуломӣ фурӯхта шудани одамон гардид. Дар муҳорибаи назди Киноскефал (197) римиён мақдуниёнро мағлуб намуда ба корҳои дохилии юнониён дахолат мекардагӣ шуданд. Тобистони соли196 сарлашкари Рим Фламинин дар бозиҳои Истмий юнониёнро «озод» эълон кард. Аз ҳамон сол Юнони Бостон дар амал тобеи Рим шуд. Мақдуния мавқеи сиёсии худро гумм карда, ҳамроҳи Иллирияю Эпил ба яке аз вилоятҳои Рим табдил ёфт (148) ва иттиҳоди Этолия барҳам хӯрд. иттиҳоди Ахея ки ба Римиён муқовимат нишон доданӣ буд соли 146 дучори мағлубият гашт. Ин воқеа ҳам сабаби дар амал зери тасарруфи Рим мондани Юнони Бостон гардид.

Баробари пойдоршавии Империяи Рум Юнони Бостон ба музофоти Ахеяи Рум табдил ёфт.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]