Юрий Гулкевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юрий Гулкевич

Гулкевич Юрий Валентинович (1905, Петербург — 1979, Минск) — анатом, дарёи и. тиб (1949), профессор (1950).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1930 баъди хатми Донишкадаи тиббии ш. Иркутск дар беморхонаҳои ш. Новосибирск кор кардааст. Солҳои 1936-41 аспирант ва ассистенти Донишкадаи тиббии Новосибирск, 1941-45 духтури ҳарбӣ дар ҷабҳаҳои ҶБВ, 1945-50 духтури ҳарбии қисмҳои маҳдуди низомии шӯравӣ дар Берлин буд. Соли 1950 ба Тоҷикистон омада, мудири кафедраи анатомияи патологӣ, аз соли 1951 ҳамзамон ноиби ректор оид ба тарбияи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъйин шуд. Аз соли 1956 дар Институти тиббии ш. Минск кор кардааст. Доир ба тағйироти сохти андомгон (организм), мушакшиносӣ, усулҳои муолиҷаи бемориҳои ғадуд, морфологияи устухон, рагҳои хунгард ва дигар паҳлуҳои анатомияи одам қариб шаст таълифи илмӣ дорад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • О трудностях в распознавании анаэробной инфекции. Сталинабад, 1951;
  • О морфологических изменениях в организме при охлаждении. Сталинабад, 1953;
  • К патологической анатомии и патогенезу геморрагического сальварсанного энцефалита. Сталинабад, 1954;
  • Перинатальные инфекции. Минск, 1966;
  • Патология последа человека и её влияние на плод. Минск, 1968. Ё. Назармамадов

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гулкевич Юрий Валентинович / Ё. Назармамадов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.