Юсуфи Арӯзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Юсуфи Арӯзӣ

Юсуф Арӯзии Нишопурӣ (форсӣ: یوسف عروضی‎; ? — қарни XI) — шоир ва адабиётшиноси форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи гуфтаи муаллифи «ал-Муъҷам» Юсуфи Арӯзӣ аз адибони замони султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва шоиру назариётчии адабиёт будааст. Сайфӣ дар «Арӯзи Сайфӣ» ном асараш уро яке аз аввалин донишмандоне медонад, ки арӯзи тоҷикиро тасниф кардааст. Баҳри қариб аз ихтирооти уст. Аз мероси адабии вай то замони мо тавассути «Луғати фурс»-и Асадии Тусӣ ва «ал-Муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ҳамагӣ чанд байти пароканда боқӣ мондааст, Абёти зерин намунае аз ашъори уст:

Эй хоҷа, қасди май ба ҳиҷо мар туро набуд,
Ҷуз табъи хеш бар ту намекардам озмун.
Ҳамчун нахуст бар санг теғ озмун кунанд,
Бошад ба некию бадии халқ раҳнамун.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Юсуфи Арӯзӣ / У. Toиров // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).