Ямс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ямс — як гурӯҳ (беш аз 30 намуд) растаниро гӯянд (аз ҷинси Dioscorea). Ямсро барои бехмевааш дар мамлакатҳои тропикӣ ва субтропикӣ мепарваранд. Дарозии бехи баъзе навъҳои ямс 1.5 метр ва вазнаш то 50 кг мешавад. Онро ба монанди картошка истеъмол мекунанд. Моддаҳои заҳрдори лӯндаи баъзе навъҳои ямс одатан ҳангоми пухтани хӯрок вайрон шуда, безарар мегарданд. Баъзан ямсро батат мегӯянд.

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.