Батат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

БАТÁТ, (Jpomoea batatas) ямс, картошкаи ширин, як навъ гиёҳи бисёрсола.

Батат

Дар шароити кишту кор Батат зироати яксола аст. Пояаш чун палак дароз (то 5 м) шуда, аз буғумҳояш реша медавонад. Баргаш мудаввар ё байзашакли думчадароз, гулаш зангӯла ё қифшакли бунафш, сурх, гулобӣ ё сафед (дарозиаш 3–4,5 см), ғӯзааш байзашакл (1–4-тухма). Дар решапояаш лундаҳои мудаввар ё турбшакли ҳаҷман гуногун (яктоаш аз 200 г то 10 кг) меандозад. Ватани Бататро Мексика ва Амрикои Марказӣ мешуморанд. Ақидае ҳаст, ки Батат аз як навъи гули ошиқи печон – Jpomoe tritide ба ву¬ҷуд омадааст. Дар Мексика ва Перу 3 ҳазор сол, дар ҷазҳои Гавай 500 сол то м. Бататро парвариш мекарданд. Ба Аврупо (Испания) Бататро Х. Колумб овардааст. Батат яке аз хӯрокиҳои асосии аҳолии як қатор кишварҳои тропикӣ ва субтропикӣ мебошад. Онро дар Индонезия, Итолиё, Испания, Португалия, Фаронса, ИМА, Ҷопон, Хитой, Корея, Ҳиндустон ва диг. давлатҳо парвариш мекунанд. Батат ба Тоҷикистон с. 1936 оварда шуд. Баъди санҷишу дарёфти омилҳои агротехникӣ с. 1944 ба кишти Батат сар карданд. Барои парвариши Батат хусусан иқлими водии Вахш мусоид аст.

Батат зироати нам ва гармидӯст буда, дар хоки ҳосилхез дар ҳарор. 20–30°С хеле хуб месабзад. Бататро аз лундак ва кӯчат зиёд мекунанд. Кӯчатро вобаста ба обу ҳаво дар гармхона ё ҷӯякҳо месабзонанд. Он баъди 25–30 рӯз 12–15 см навда меронад. Кӯчатро 10–25 апрел бо усули чоркунҷаи тоқатоқа (70×70; ба ҳар га 25–35 ҳазор бех) мешинонанд. Давраи нашви Батат дар шароити ҷумҳурӣ 120–200 рӯз аст. Дар ин муддат ба кишти Батат 13–15 маротиба об монда, пору меандозанд. Дар хоҷагиҳои таҷрибавии Тоҷикистон аз ҳар га то 55 т лунда ва 25 т баргу поя ғундоштаанд. Лундаи Бататро дар хандақҳои умқашон 1–1,2 м ё хушконда, нигоҳ медоранд.

Лундаи Бататро тару тоза ва пухта истеъмол мекунанд. Аз он орд, ярма, вермишел, оҳар, пиво, квас, ҷем, спирт ва ғ. тайёр менамоянд. Оҳари Батат дар қаннодӣ ва саноати консерв истифода мешавад. Батат нисбат ба картошка 1,5 ва нисбат ба лаблабу 3 баробар ғизонок аст. Дар таркиби он 31,9% моддаҳои хушк, 27,9% моддаҳои бенитроген, 10,5–20% оҳар, 8,9–12,7% қанд, 1,6% протеин, 0,5% равған, витаминҳои А, В, С, намакҳои минералӣ (0,5–1%) ва ғ. мавҷуданд.

Батат ғизои чорво низ мебошад. Хошоки Батат сершира буда, 12,5% сафеда, 5% равған, 55,7% карбогидрат, 12% клетчатка дорад. Феълан Бататро дар Тоҷикистон кишт намекунанд.

Адабиёт[вироиш]

Субтропические культуры в Таджикской ССР. Сталинабад, 1951; Кузнецов С. Ф. Батат на корм скоту // «Сельское хозяйство Таджикистана». №1, 1954; Малимон А. Я. Батат в Таджикистане// Сельское хозяйство Таджикистана. №2, 1969.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2