Сифат
Зоҳир
Сифат ҳиссаи нутқест, ки аломат ва чигунагии ашёро мефаҳмонад. Аломатҳои хоси он одатан дар дохили ибора равшан зоҳир мегардад. Сифат дорои хусусиятҳои зерин мебошад:
- 1) сифат аломат, хусусият, ва нисбати чизе ё шахсеро ба чизе ё шахсе мефаҳмонад: шаҳри 'зебо', роҳи ноҳамвор, корҳои саҳроӣ;
- 2) Дараҷаҳои сифат одӣ,оли ва қиёси мешавад: бинои калонтар, дарёи дарозтарин, суп-сурх;
- 3) Суффиксҳои махсуси калимасоз: -ӣ, -манд, -нок, -она, -гун, -ин, но-, ба-, бе-: ранги ҷигарӣ, марди хирадманд, чизи фоиданок, корҳои оқилона, рӯйи гандумгун, камзӯли чармин, бачаи боақл, ҷомаи базеб, гули бебӯй, ҷойҳои ношинос;
- 4) сифат дар ҷумла ба вазифаи муайянкунанда ва хабар меояд.
Аз ҷиҳати маъно ва аломатҳои сарфӣ (морфологӣ) сифат ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешавад: сифати аслӣ ва сифати нисбӣ.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985, — 132саҳ.