Ғазолии Балхӣ
Зоҳир
Амир Ислом Ғазолии Балхӣ (форсӣ: امیر اسلام غزالی بلخی[1]; ? — қарни XVI) — шоир ва пизишки форс-тоҷик, аз наводагони Муҳаммади Ғазолӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Балх улуми мутадовилаи даврро омӯхтааст. Аз илмҳои тиб ва ҳикмат огоҳии комил дошт. Назди бузургони давр, ҳокимони кишвар соҳиби обрӯву эътибор буд. Дар васфи яке аз ҳукмронон — Мирзо Алоуддавла қасидае, дар пайравии қасидаи Анварӣ, ки бо мисраи «Чун муроди хешро бо мулки вай кардам қиёс» шурӯъ мешавад, нигошта буд. Байти зер аз қасидаи Ғазолии Балхӣ аст:
Шоҳи пуриҷлолро бе мулки Вай набвад либос,
Мулки иҷлол аз ҷалоли Ӯ кунад маъд илтимос.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ امیر اسلام غزالی بلخی. rasekhoon.net. 8 май 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғазолии Балхӣ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.