Jump to content

Ғамгини Бадахшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғамгини Бадахшӣ

Мир Муҳаммадшоҳхон Ғамгини Бадахшӣ (форсӣ: غمگین بدخشی‎; қарни XVIII — 1902) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Па­дараш Мир Маҳ­муд­шоҳхон ҳокими Бадахшон буд, табъи шоирӣ дошт ва бо тахаллуси Оҷиз шеър мегуфт. Шоира Махфии Бадах­шо­нӣ хоҳари Ғамгини Бадахшӣ мебошад. Ғамгини Бадахшӣ дар назди падараш таълим гирифтааст. Дар замони ҳоки­мия­ти Амир Абдур­раҳ­монхон дар Афғонистон хонадони Ғамгини Бадахшӣ ба шаҳри Кандаҳор кӯч баст ва Ғамгини Бадахшӣ дар ҳамин ҷо ба эҷоди асарҳо машғул шуд. Муаллифони манбаъҳои адабӣ Ғамгини Бадахширо шоири со­ҳиб­девон ёд кардаанд. Ғамгини Бадахшӣ яке аз муътақидони Мирзо Аб­дулқодири Бедил буд ва дар пайравӣ аз ӯ ғазалҳо сурудааст. Абёти зерин аз ӯянд:

Ҳарчанд ба ёди лабат об аст дили мо,
Ороиши сад гавҳари ноб аст дили мо.

Гар ҳадиси лаби ҷонбахши ту машҳур шавад,
Тарсам, Исо ба замин ояду ранҷур шавад.
Хизр як шаммае аз кулфати ҳиҷрон бинад,
Сар бипечад ба кафан зиндаву дар гӯр шавад...
Бӯйи гул медамад аз сабзаи хокаш то ҳашр,
Он ки бо доғи ғами ҳамчу ту дар гӯр шавад.
Чун шафақ дар дили шаб уқдаи хун мегардад,
Гар ба рӯйи ту муқобил шафак аз дур шавад.
Ҷойи он аст ба ин шеъри тару хуш, Ғамгин,
Ҳосиди тираравони ту зи ғам кӯр шавад.