Jump to content

Ғамгини Ҳисорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғамгини Ҳисорӣ

Муҳаммадшарифн Ғамгини Ҳисорӣ (форсӣ: غمگین حصاری‎; қарни XIX — қарни XX) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зод­гоҳаш ба Бухоро барои илмомӯзӣ рафта будааст. Тазкиранигор Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам бо ӯ ҳангоми шогирди мадраса буданаш вохӯрдааст. Ашъорашро бо забони содаву равон, дар мавзӯъҳои анъанавии адабиёти форсии тоҷикӣ — ишқ, ҳасби ҳол ва ғайра месурудааст.

Ин ғазал аз ӯст:

Эй парӣ, то аз рухи зебо ниқоб андохтӣ,
Оташи ҳасрат ба ҷони офтоб андохтӣ.
Дид анвори рухатро меҳр, шуд дар инфиол,
Моҳро дар ҷилва андар изтироб андохтӣ.
Шуд муаттар маҳфил, эй соқӣ, чӣ файз омад туро,
Ё магар дар бодаи гулгун гулоб андохтӣ?!
Будӣ бо ағёр дӣ саргарми нӯшонӯшие,
Навбати ин мубтало худро ба хоб андохтӣ.
Кай хабар дорад зи оҳу нолаи зорат фалак,
Бесабаб, Ғамгин, ба ҷони худ азоб андохтӣ