Jump to content

Ғанимати Панҷобӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғанимати Панҷобӣ

Мавлоно Муҳаммадакрами Ғанимат (форсӣ: مولانا محمد اکرم غنیمت‎), машҳур ба Ғанимати Панҷобӣ (форсӣ: غنیمت پنجابی‎; байни солҳои 1620-30, деҳаи Кунҷоҳи музофоти Панҷоб — 1699 ҳамон ҷо) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зодгоҳаш барои таҳсили илм ба Ло­ҳур сафар карда, дар ҳамин шаҳр сокин ва ба кори эҷодӣ машғул шуд. Дар тазкираҳои Биндробан Доси Хуш­гӯ, Муҳаммадафзали Сархуш, Мир Ғулома­лихони Озо­ди Балгиромӣ, Мир Ҳусайндӯсти Санбҳалӣ, Ҳусайн­қу­ли­хони Азимободӣ, Абдулғанихон Ғании Му­фар­раҳ­ободӣ, Волаи Доғистонӣ ва дигарон Ғанимати Панҷобӣ аз ҷумлаи шоирони тавонои давр тавсиф шудааст.

Аз Ғанимати Панҷобӣ девоне, ки дар он ашъори дар навъҳои гуногунни адабӣ, махсусан, ғазалу рубоӣ сурудааш ҷойгиранд, инчунин маснавии «Найранги ишқ» ба мерос мондаанд. Нусхаҳои дастнависи онҳо дар ки­тоб­хонаҳои Ҳиндустон, Покистон, Эрон, китобхонаи Музейи Британияи Кабир нигоҳ дошта мешаванд. Як нус­хаи дастнависи Ғанимати Панҷобӣ таҳти № 563 дар Ганҷинаи даст­на­вис­ҳои шарқии ИЗАШМХ АИ Ҷум­ҳурии Тоҷи­кис­тон маҳфуз аст. Дар ашъораш мавзӯъҳои ишқи аслӣ ва ма­ҷозӣ, панду андарз, масъалаҳои тарбияи шахс ва Ғанимати Панҷобӣ мат­раҳ гардидаанд. Шеърияти навиштаҳои Ғанимати Панҷобӣ баланд аст. Ӯ сан­ъат­ҳои бадеиро бо маҳорати баланд ба кор бурдааст.

Аб­ёти зер намунаи шеъри ӯст:


Бе ҷамолат, ай чароғафрӯзи улфатхонаҳо,
Нури шамъ омад ғубори хотири парвонаҳо.
Шаб, ки бар дилҳои муштоқон гузаштам, хун шудам,
Захми сӯзон буд шамъи базми ин кошонаҳо.
Дар таҳи по бӯриё дорем аз чини ҷабин,
Шуд сари зуҳҳод азбас фарш дар майхонаҳо.
Боз Маҷнуни кӣ, ё Раб, гарми шавқи ваҳшат аст?
Оҳ мехезад ба ҷойи гард аз ин вайронаҳо.
Шаб, ки базморои мо ваҳшинигоҳе будааст,
Гардиши чашми ғазолон дидам аз паймонаҳо.
Чашми он дорем мо, к-аз файзи борони сиришк
Сабз гардад донаи занҷири ин девонаҳо.
Шуд, Ғанимат, ҳарфи носеҳ ғорати ороми ман,
Об мегардад ба чашмам хоб аз ин афсонаҳо.