Jump to content

Ғарибии Кошонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғарибии Кошонӣ

Ғарибии Кошонӣ (форсӣ: غریبی کاشانی‎; ? — қарни XVI) — шоир, нависанда ва донишманди форс-тоҷик, муаосири Лисонии Шерозӣ.

Шахси таҳсилдида, аз донишҳои даври худ огоҳ ва дар дарбори подшоҳи давр — Хон Аҳмад маликушшуаро буд. Ба шоири ҳамасраш Лисонии Шерозӣ эътиқод дошт ва ашъори ӯро татаббуъ кардааст. Мас., ба байти Лисонии Шерозӣ

Манам з-он хӯи нозук остин бар чашми тар монда,
Зи мижгон то ҷигар сад парда хун бар якдигар монда.

Чунин ҷавоб гуфтааст:

Ту аз ман фориғу ман бе ту ҳар сӯ дарбадар монда,
Зи хорӣ бар сари дунҳимматон бе пову сар монда.