Ғармӣ (шоир)
Муҳаммад ибни Муҳаммадҷони Ғармӣ (форсӣ: محمد بن محمدجان غرمی; 1771, Ғарм — қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш аз падараш, ки шахси таҳсилдида буд, омӯхта, барои такмили дониш ба Бухоро рафтааст. Дар яке аз мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Пас аз хатми мадраса оиладор ва дар Бухоро муқим шудааст. Чанде дар Косон, Намангон ва дигар ҷойҳо зиста, ба сахтӣ рӯз гузаронидааст. Ғармӣ дар ашъораш аз ғарибию бекасӣ ва носозиҳои зиндагӣ шиква кардааст. Ӯ чанд бор азми ба ватанаш — Ғарм бозгаштанро дошт, вале муваффақ нагардид.
Ғармӣ шоири соҳибдевон аст. Дар девонаш асосан ғазалҳояш фароҳам омадаанд. Девонашро худи шоир соли 1851 дар айёми пирӣ мураттаб сохтааст. Як нусхаи он зери № 652 дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии ба номи А. Мирзоеви ИЗАШМХ АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.
Ин ғазал аз ӯст:
Дил орзуе ҳар замон фасли баҳор кард,
Овози кабку булбули он кӯҳсор кард.
Хотиррасон накардаӣ, ай дил, ба он ватан,
Акнун ба сайри рафтани он лолазор кард.
Акнун куҷо муяссари рафтан ба он ватан,
Майли гулу бунафшаву себаргазор кард.
Умрест ин ҷафо ба ғарибӣ кашидаам,
Акнун дилам ба рафтани ин ҷо хумор кард.
Бигзашт ин ҷавонию қомат хамида гашт,
Дасти тиҳӣ ба пириам охир ки кор кард.
Ғармӣ, макун ба дил гиреҳ ин орзуи хом,
Акнун куҷо ба рафтани худ он диёр кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғармӣ / С. Ализода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Каталог восточных рукописей Академии наук Таджикской ССР. Т. IV. Д., 1970;
- Ҳабибов А. «Ганҷи парешон». Д., 1984.