Ғафуро
Зоҳир
Ғафуро, Ғафурхон (форсӣ: غفورا; қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҷдодаш аз Ӯротеппа буданд ва баъдан ба Самарқанд кӯчиданд. Ғафуро дар ҳамин шаҳр илм омӯхта, ба атторӣ, ки касби ниёгонаш буд, машғул шудааст. Шаҷараи авлодии Ғафуро ба шайх Аттор мерасид. Дар шеърҳояш таъсири Аттор ҳис мешавад. Мавзӯъи ашъораш, асосан, ишқ аст.
Абёти зер аз ӯст:
Ҳамраҳи ҷон мебарам ишқи худододи туро,
Чун парӣ дар шишаи дил кардаам ёди туро.
Бода аз акси ҷамолат мавҷи Кавсар мезанад,
Баски аз субҳи таҷаллӣ карда эҷоди туро.
Фарши майхона дар сабӯҳ шудам,
Душмани тавбаи насӯҳ шудам.
Аз ғами ишқи ёр ҷон додам,
Оқибат тӯтиёи рӯҳ шудам.
Чун Ғафуро зи гиряи беҳад
Ғарқи оби азоби Нӯҳ шудам.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғафуро / Х. Абдулҳаев // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Суханварони Сайқали рӯйи замин. Д., 1973.