Ғаюрии Рустоқӣ
Зоҳир
Ғаюрии Рустоқӣ (форсӣ: غیوری رستاقی; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар мавзеи Рустоқи Афғонистон ба дунё омада, дар ҳамин ҷо маълумоти ибтидоӣ гирифт. Сипас барои такмили дониш ба Кобул рафт. Дар дарбори ҳукмрони даври Кобул Муҳаммад Ҳаким Мирзо муддате хидмат карда, ба Ҳинд сафар кардааст. Дар ин кишвар мавриди лутфу карами Ҷалолуддин Акбар қарор гирифт. Мувофиқи иттилои тазкиранависон шоири моҳиру тавоно буд, вале дар синни камолот даргузаштааст.
Байти зер аз ӯст:
Пинҳон ба сухан дорам он ғамзаи хомӯш,
Ҳар лаҳза ба ҳарфе на забон маҳраму на гӯш.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғаюрии Рустоқӣ / С. Ализода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.