Jump to content

Ғиёси Нақшбанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғиёси Нақшбанд
Навъи фаъолият: рассом

Ғиёси Нақшбанд (форсӣ: غیاث نقشبند‎; ? — 1688) — зарбоф, наққош, тарроҳи порча ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар манбаъҳои адабӣ дар баробари ҳунармандиаш аз ӯ чун шоири моҳиру тавоно ва сермаҳсул ёд шудааст. Девони ашъор доштааст. Рубоии зерро ӯ дар қабои шоҳ Аббос нақш карда буд:

Эй шоҳи сипеҳрқадри хуршедлиқо,
Хоҳам зи бақо ба қадри умри ту қабо.
Ин туҳфа ба назди чун туе айби ман аст,
Хоҳам, ки бипӯшӣ зи карам айби маро.

Абёти зер низ аз ӯст:

Ман, ки дар Язд рашки ақронам,
Аз ҳунар баргузидай Яздонам.
Ҳунаре нест чун сухандонӣ,
Ҳам ҳунарманду ҳам сухандонам...

Пойи ҳасрат ба гилу дасти надомат бар сар,
Сарви озод ҳам ин ҷо зи гирифторон аст.