Jump to content

Ғиёси Ҳалвоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғиёси Ҳалвоӣ

Ғиёси Ҳалвоӣ (форсӣ: غیاث حلوایی‎; 1630/31[1]) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш Шероз касби камол намуда, чун шоир шуҳратманд гардидааст. Аз доираи ҳунармандон буд. Муддате дар шаҳри Исфаҳон зиста, дар доираҳои аҳли адаб маъруф шуд. Аз девонаш иттилоъ дода нашудааст, вале ашъори дар анвои қасида, ғазал, рубоӣ сурудааш дар тазкираҳо омадаанд.

Абёти зер аз ӯст:

Эй чу қазои Худо зулфи сиёҳат расо
В-эй дили таслимҷӯ дода ризо бар ризо.
Оҳ, чӣ дур аст ин, вой чӣ наздикӣ аст,
Аз дили мо то ба ту в-аз дили мо то ба мо.

Бозам зи акси рӯи ту кошона пур шудааст,
Аз нури шамъ хилвати парвона пур шудааст.
Дидам ба хоби шаб, ки ба ман дод соғаре,
Таъбир қатли мост, ки паймона пур шудааст.

  1. غیاث‌الدین غیاث شیرازی. ویستا. 25 май 2024 санҷида шуд.