Ғиёсуддин Мансури Даштакӣ
Таърихи таваллуд | 1462 ё 1461 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1542 |
Кишвар |
Ғиёсуддин Мансури Даштакӣ (форсӣ: غیاثالدین منصور دشتکی; 1461, Шероз — 1542, ҳамон ҷо) — фақеҳ, мутакаллим, файласуф, мантиқдон ва риёзидони форс-тоҷик, писари Садруддини Даштакӣ[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғиёсуддини Даштакӣ дар назди падараш ба фарогирии улум пардохта, дар 14-солагӣ даъвои мунозара бо Ҷалолуддин Давонӣ дошт ва дар 20-солагӣ аз таҳсили улуми замони худ фориғ гардид. Д.-ро дар замони Исмоили Сафавӣ барои таъмири расадхонаи Мароға, ки дар он замон вайрон шуда буд, аз Шероз ба Озарбойҷон даъват карданд, аммо ба сабаби бархе монеаҳо таъмир анҷом наёфт. Дар замони шоҳ Исмоил аз Ғиёсуддини Даштакӣ даъват шуд, ки бо ҳамроҳии фақеҳ Мир Ҷалолуддини Астарободӣ уҳдадори мақоми садорат шавад, аммо ӯ ин мақомро напазируфт. Дар замони шоҳ Таҳмосп Ғиёсуддини Даштакӣ ин мақомро қабул кард, вале шароитро мусоид надида, дубора ба Шероз бозгашт ва уҳдадори раёсати мадрасаи Шероз шуд. Дар соли 1530 бори дигар барои мақоми садорат ба дарбор даъват шуд. Ғиёсуддини Даштакӣ дар ибтидо бо амир Неъматуллоҳи Ҳаллӣ дар корҳои садорат шарик буд, баъдан ба танҳоӣ садоратро ба уҳда гирифт. Пас аз ду сол тарки дарбор карда, ба Шероз баргашт ва бақияи умри худро ба таҳқиқу таълиф ва тадрис дар мадрасае гузаронид, ки падараш ба номи вай бино карда буд. Оромгоҳи Ғиёсуддини Даштакӣ дар назди мазори падараш воқеъ гардидааст. Ӯ илова ба ду писараш шогирдони зиёде тарбият кард. Ғиёсуддини Даштакӣ дар фалсафа калом, тафсир, фиқҳ ва усул, риёзиёт, табииёт, тиб, ҳайату нуҷум, ирфон, ахлоқ ва ҳатто дар улуми ғариба соҳибназар буда, дар ҳар кадоми онҳо осоре аз худ боқӣ гузоштааст. Ба ҳамин сабаб вайро «Ҷомеи маъқулу манқул», «Устоди башар», «Муаллими солис ва ақли ҳодиашара» хондаанд. Ғиёсуддини Даштакӣ аз ҳакимони соҳиби мактаби нав дар фалсафа набошад ҳам, дар шаклгирии ҷараёни фалсафӣ, ки бо номи мактаби Шероз машҳур аст, таъсири бисёр доштааст. Талошҳои Ғиёсуддини Даштакӣ дар ҷамъу таълифи андешаҳои пешиниён, ба ҳам наздик кардани ҳикмати машшоъ ва ҳикмати ишроқ, ирфон ва калом роҳкушои Мулло Садро дар таъсиси ҳикмати мутаолия будааст. Афкору таълимоти Ғиёсуддини Даштакӣ дорои тамоюлоти ишроқӣ буда, ӯ ба ирфони ботинӣ (на тасаввуфи зоҳирӣ) эътимод дошт ва ҳамчун Ибни Сино ва Суҳравардӣ бештар бар маърифату таҷрибаи анвори дарунӣ таъкид мекард.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Маъруфтарин асарҳои Ғиёсуддин Мансури Даштакӣ:
- Дар улуми Қуръон ва тафсир — «Туҳфату-л-фато фӣ тафсири сурати „Ҳал ато“»; «Матлаъу-л-ирфон» (тафсири оёти зиёд аз нигоҳи каломӣ).
- Дар мантиқ — «Одобу-л-баҳс ва-л-мунозара» (шарҳи «Одобу-л-баҳс»-и Азуддуддини Эҷӣ); «Таъдилу-л-мизон» (хулосаи мантиқи «Шифо»); «Меъёру-л-афкор»; «ар-Радду ало ҳошияти-д-Давонӣ ало таҳзиби-л-мантиқ»; «ар-Радду ало ҳошияти-д-Давонӣ ала-ш-Шамсия».
- Дар фалсафа ва калом — «Ишроқу ҳаёкили-н-нури ли кашфи зулумоти шавокили-л-ғурур» (дар шарҳи «Ҳаёкилу-н-нур»-и Шиҳобуддини Суҳравардӣ); «Ҳуҷҷату-л-каломи ли изоҳи муҳҷати-л-исломи фи-л-маод», «Кашфу-л-ҳақоиқи-л-муҳаммадия», «Миръоту-л-ҳақоиқи ва маҷла-д-дақоиқ»; «Таҷриду-л-ғавошӣ» (ҳавошии Ғиёсуддини Даштакӣ дар радди ҳавошии Ҷалолуддини Давонӣ бар шарҳи «Таҷрид»); ҳошия бар рисолаи «Исботи воҷиб»-и Ҷалолуддини Давонӣ; рад бар рисолаи «Завро»-и Ҷалолуддини Давонӣ"; «Риёзу-р-ризвон» (дар шарҳи «Шифо»-и Ибни Сино); «Шифоу-л-қулуб» (шарҳи мухтасар бар илоҳиёти «Шифо»-и Ибни Сино); «ал-Муҳокама»; «Таҷавҳуру-л-аҷсом» ё «Рисолатун фӣ-н-нафси ва-л-ҳаюло» ё «Рисолатун фӣ-л-ҳаюло ва-с-сурат».
- Дар ахлоқ ва ирфон — «Ахлоқи мансурӣ» (ба форсӣ, бахше аз китоби «Ҷоми ҷаҳоннамо»); «ал-Ҳикмату-л-амалия» (дар таҳзиби ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудун, ки дар «Мусаннафот»-и Ғиёсуддини Даштакӣ чоп шудааст); «Манозилу-с-соирин ва мақомоту-л-орифин».
- Дар адабиёт ва шеър — «Хулосату-т-талхис»; ҳошия бар «Мифтоҳу-л-улум»-и Саккокӣ; «Ҷоми ҷаҳоннамо» (ба форсӣ дар фанни ҳикмат) ва «ар-Радду ало унмузаҷи-л-улуми-д-Давонияти».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Bdaiwi, Ahab (2023). «The Youth Who Defeated Aristotle: The Life and Thought of Dashtakī (d. 948/1541)». Global Intellectual History. doi:10.1080/23801883.2022.2163915. ISSN 2380-1883.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Даштакӣ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.