Jump to content

Ғиёсуддин Муҳаммад ибни Ҷалолуддини Ромпурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғиёсуддин Муҳаммад ибни Ҷалолуддини Ромпурӣ

Ғиёсуддин Муҳаммад ибни Ҷалолуддин ибни Шарафуддини Ромпурӣ (1791, Ромпур, Ҳиндустон — ?) — фарҳангнависи форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мадраса таҳсил карда, баробари улуми мутадовилаи давр ба омӯзиши забонҳо майлу рағбати хосса зоҳир намуд. Пас аз хатми мадраса худ мударрис шуд. Забонҳои форсӣ, арабӣ, туркӣ, урду, ҳиндиро хуб медонист. Ба фарҳангнигорӣ таваҷҷуҳи хосса дошт.

Асари машҳури Ғиёсуддин Муҳаммад — «Ғиёсу-л-луғот» дар фарҳангнигорӣ маҳсули пажӯҳиши ӯст, ки онро дар зарфи 14 сол ба анҷом расонидааст. Ба ғайр аз «Ғиёсу-л-луғот» Ғиёсуддин Муҳаммад шарҳҳое бо номи «Кашфу-л-асрор» (ба қасоиди Бадри Чочӣ, анҷоми таълиф — 1842, нашраш 1898), «Баҳори борон» (ба «Гулистон»-и Саъдӣ, таълиф 1844), «Шарҳи Абулфазл» (ба рисолаи «Мактубот»-и Абулфазл ибни Муборак, вазири Акбар — ҳукмрони Ҳиндустон; таълиф 1848), шарҳҳо ба луғоти «Искандарнома»-и Низомии Ганҷавӣ низ навиштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]