Ғиёс (шоир)
Зоҳир
Ғиёс (форсӣ: غیاث; қарни XVI, Язд — 1600) — шоир ва орифи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шаҳри Язд ба дунё омадааст. Пас аз касби камол ба тариқати тасаввуфии нақшбандия рӯй овард. Пайравон, муридон, ҳаммаслакони бисёр дошт. Дар тазкираҳо намунаҳои ашъораш дар мавзӯъҳои ирфон, ҳасби ҳол ва ғайра сабт гардидаанд.
Ин рубоӣ аз ӯст:
Бечора касе, ки шаҳри Яздаш ватан аст,
Бечоратар он ки нақшбандӣ-ш фан аст.
З-он ҳар ду батар касе, ки аҳли сухан аст,
Ночор касе, ки ҳар се дорад, чу ман аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғиёс / С. Ализода // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.