Jump to content

Ғоибии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғоибии Самарқандӣ

Шоҳҳусайн Ғоибии Самарқандӣ (форсӣ: غایبی سمرقندی‎; қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Илмҳои расмии замонро дар зодгоҳаш — Самарқанд омӯхтааст. Дар нодориву муҳтоҷӣ умр ба сар бурда, ба қавли Мутрибӣ («Таз­ки­рату-ш-шуаро»), то 60-солагиаш низ «ҳаргиз молики ду тангаи хонӣ набуда»-аст. Ғ. С. марди фозил буда, дар шеър табъи баланд ва зеҳни гиро доштааст. Абёти зер аз ӯст:

Наям малул, ки корам наку нашуд, бад шуд,
Шавад, шавад, нашавад, гӯ машав, чӣ хоҳад шуд?

Баҳори он гули рӯ з-оби ҳайвон сабзу хуррам шуд,
Хати хубӣ ба даври ҳусни ту, шоҳо, мусаллам шуд!