Jump to content

Ғолиби Озарбойҷонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғолиби Озарбойҷонӣ

Асадуллоҳхони Рамазонхон Ғолиби Озарбойҷонӣ (форсӣ: غالب آذربایجانی‎; 1834 — ? — шоири форсигӯи Озарбойҷон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Улуми му­тадовилаи давр, махсусан, шеъру адаби форсиро ба ху­бӣ аз худ карда буд. Дар дарбори ҳукмрони давраш хид­мат мекард. Баъдан, китобдори мадраса буд. Ғолиби Озарбойҷонӣ, асосан шоири ғазалсарост. Бештар ба сабк ва эҷо­диёти Ҷа­ло­луд­дини Балхӣ пайравӣ кардааст.

Абёти зер аз ӯст:

Ай соқии шӯрангез, май деҳ қадаре моро,
В-аз баъди шароби талх з-он лаб шакаре моро.
Як ҷом ба ман додӣ, к-аз пой даруфтодам,
То бигзарам аз сар низ, дардеҳ дигаре моро.
Шуд хушк ниҳоли васл аз боди хазони ҳаҷр,
Бешубҳа дарахти хушк надҳад самаре моро.
Эй тирашаби ҳиҷрон, бе моҳи рухаш мурдем,
Биллаҳ, зи ҷамолаш кун толеъ қамаре моро.
Ҳарчанд шаби васлаш маҳтобшабе бояд,
Торик шабаш бошад равшан саҳаре моро.
Шаҳзода Музаффаршоҳ, к-аз шоҳ валиаҳд аст,
Бодо ба адӯ ҳар дам аз вай зафаре моро.