Ғор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ғор, мағора — холигиҳои бузурги табақаҳои болоии қишри заминро гуянд, ки дар руи замин як ё якчанд ҷои баромад доранд.

Ғор аз ҳал ва шуста шудани ҷинсҳои куҳии зудҳалша ванда — оҳаксанг, доломит, гаҷ ва ғайра (ғори карстӣ), инчунин дар процесси суффозия, абразия, эрозияи бод, ҷорӣ ва шахшавии лава, об шудани яхҳо (ғори яхӣ) ва ғайра ба вуҷуд меояд. Дарозтарин ғорҳоиҳои ҷаҳон инҳоянд: ғори Мамонт (232 км, ИМА), Хёллох (123,5 км, Суис), Оптимистӣ (105 км) ва Озёрная (100,6 км, Укройн). Дар кӯҳҳои Тоҷикистон низ ғорҳо бисёранд. Аз ҷумла, ғори «Мусофирон» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, ғори Хоҷа Исҳоқ дар ноҳияи Айнӣ ва ғори Сомеъ дар назди деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакент воқеъ гаштаанд. Биёре аз ғорҳои ҷаҳон ба объектҳои туристӣ табдил ёфтаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ғори Хоҷа Исҳоқ / А. Мухторов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).