Ғоратгарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ғоратгарӣ — ҷиноят ба муқобили моликият, ки дар м. 248 КҶ ҶТ пешбинӣ гардидааст ва мувофиқи ин модда ғоратгарӣ ошкоро тасарруф кардани амволи ғайр мебошад.

Ғоратгарӣ яке аз шаклҳои тасарруф буда, ба он ҳама аломатҳои объективӣ ва субъективии тасарруф хос аст. Хусусияти тарафи объективии ғоратгарӣ аз он иборат аст, ки амволи ғайр бо усули ошкоро тасарруф мегардад. Ошкоро ифодаи он аст, ки тасарруфи амволи ғайр дар ҳузури соҳибмулк, шахсони молу мулк дар ихтиёр ё муҳофизаташон қарордошта ё дар ҳузури шахсони бегона, ки хусусияти ғайриқонунӣ будани ҳаракатҳои гунаҳгорро дарк мекунанд, содир мешавад. Барои ғоратгарӣ эътироф намудани кирдор зарур аст, ки худи шахси гунаҳгор низ хусусияти ошкоро доштани ҳаракатҳои худро дарк намуда, маҳз бо чунин усул тасарруф намудани амволи ғайрро ба ҳисоб гирифта бошад. Агар гунаҳгор нияти ниҳонӣ тасарруф намуданро дошта бошаду бо сабаби дар ҷои ҷиноят ба ғафлат афтиданаш (ошкор шуданаш) ба ҳаракатҳои ошкоро гузарад, кирдори ӯ ба ғоратгарӣ мубаддал мегардад. Чунин «мубаддалшавии» дуздӣ ба ғоратгарӣ то пурра тасарруф намудани амвол мумкин аст. Таркиби ҷиноят моддӣ аст. Ҷиноят аз лаҳзаи тасарруфи амволи ғайр ва ба вуҷуд омадани имконияти ихтиёрдорӣ намудан ба он тамом шуда эътироф мешавад.

Тарафи субъективии ғоратгарӣ бо қасди бевосита ва мақсади гаразнок тавсиф меёбад. Субъекти ҷиноят шахси мукаллафи ба синни 14-солагӣ расида шуда метавонад. Дар қ. 2, 3 м. 248 КҶ ҶТ ҳолатҳои вазнинкунандаи ғоратгарӣ пешбинӣ гардидааст. Зери мафҳуми зӯрии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок набуда расонидани озори ҷисмонӣ, лату кӯб, расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ, инчунин маҳрум ё маҳдуд сохтани озодӣ фаҳмида мешавад. Ғоратгарие, ки а) бо истифода аз шароити офати табиӣ ё ҷамъиятӣ; б) ба миқдори калон; в) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; г) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шудааст (қ. 3 м. 248 КҶ ҶТ). Ғоратгарие, ки а) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок; б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад (қ. 4 м. 248 КҶ ҶТ).

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]