Jump to content

Ғояи миллӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ғояи миллӣ — маҷмӯи мафҳумҳо, арзишҳо, ормонҳое, ки мазмуну муҳтавои ояндаи рушди фарҳанги маънавӣ ва ҷаҳонбинии миллати муайян ва ё гурӯҳи халқу миллатҳои дар як давлат муттаҳидгардидаро ташкил медиҳад.

Дар ҷамъият ғояи миллӣ ҳамчун ормонҳои миллӣ татбиқ гардида, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги маънавии мардумро танзим менамояд. Тавассути ғояи миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа доштани манфиатҳои миллӣ дарк гардида, бунёди ғояи миллатдӯстию миллатгароии мусбӣ гузошта мешавад. Дар амалия ғояи миллӣ дар доираҳои сиёсӣ, динӣ, давлатӣ, идеологӣ ва шаҳрвандӣ зуҳур карда, ба афкору маънавиёти мардум таъсири амиқ мегузорад. Одатан ғояи миллӣ барои халқу миллатҳое, ки истиқлоли миллӣ надоранд ва ё дар вобастагии сиёсию иқтисодӣ ба сар мебаранд, вазифаи муттаҳидсозиро иҷро мекунад. Маҳз дар давраи мубориза барои ба даст овардани истиқлол ғояи миллӣ дар шаклҳои гуногун – талаби баробарҳуқуқии забонҳо, ҷорӣ кардани маорифи миллӣ, ташкили худмухтории фарҳангӣ дар доираи давлати муайян ва истиқлоли пурраи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғ. зуҳур мекунад. Мавқеи бунёдиро дар ташаккули ғояи миллӣ ҳамчун маҷмӯи арзишҳои инсондӯстӣ фарҳанги маънавӣ ишғол мекунад ва аз ибтидо рушди ғояи миллӣ дар шакл и худшиносии мардумӣ (мас., устура, эҷодиёти даҳонии халқ), дин, фарҳанги бадеӣ ва анвои гуногуни санъат зоҳир мегардад. Маҳз тавассути рушди иқтидори маънавӣ-инсондӯстии ғояи миллӣ алоқаю муносибати самараноку мукаммал бо принсипҳои сиёсат ва давлатдорӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ташаккули маънову мафҳуми ғояи миллӣ дар таърихи илмҳои гуманитарии муосир афкори фалсафии олмон дар охирҳои садаи XVIII ибтидои садаи XIX дар симои Ҳердер ва Ҳегел аҳаммияти умда доштааст. Хидмати шоёни Ҳердер аз шарҳу тафсири фарҳангшиносии роҳҳои рушди ҳаёти маънавии миллат, табиату хислат ва рӯҳияи халқҳои Аврупо ва Осиё иборат аст. Ба андешаи ӯ, дар забон, устура ва анвои гуногуни санъати мардумӣ ташаккули худшиносии миллӣ сурат гирифта, он садоқат ба рӯҳияи миллиро тақвият мебахшад ва масири таърихии рушди минбаъдаи миллатро таъмин менамояд. Ба андешаи Ҳегел, ҳаракати ғояи миллӣ аз дараҷаи маънавӣ-инсондӯстӣ то сатҳи сиёсӣ-давлатӣ омили пурзӯри рушду нумӯи худшиносии миллӣ мебошад. Маҳз эҳё ва инкишофи ғояи миллӣ сабаб гардид, ки халқҳои Осиёву Африқо ва Америкаи Лотинӣ аз зулми мустамликавӣ озод шаванд. Аз тарафи дигар, ғояи миллӣ ба мақсади асосноксозии қудратталабиҳои давлатҳои тоталитарӣ ва низомҳои фашистӣ низ истифода бурда мешавад. Дар садаи XX ба боди фаромушӣ супурдани арзишҳои инсондӯстӣ ва сӯистифода аз ғояи миллӣ боиси сар задани ду ҷанги ҷаҳонӣ гардид, ки дар онҳо беш аз 90 млн. нафар қурбон шуданд. Аз ин рӯ, дар ҷаҳони муосир самараноктарин ва бехавфтарин роҳи истифодаи ғояи миллӣ танҳо эҳтироми ғояҳои инсондӯстӣ, маънавиёти баланди инсонӣ ва риояи ҳуқуқи инсон буда метавонад. Ғояи миллӣ ҳамчун тасаввуроти муназзам ва ҷомеи миллию этникӣ муҳимтарин манфиатҳои миллиро дар давраи муайяни инкишофи таърихӣ таҷассум менамояд. Ғояи миллӣ маҷмӯи ақидаҳо, дастурҳо, принсипҳои сиёсӣ, ахлоқию маънавии миллатро ташкил дода, дар заминаи шуури миллӣ, динӣ ва таърихӣ ба вуҷуд меояд. Мазмуни асосии онро кӯшишҳои миллат барои ҳаёти беҳтар, даъват баҳри эҳёи миллат ва тамомии кишвар, баланд бардоштани рӯҳияи миллӣ ва маънавиёти мардум, муҳаббат ба Ватан, мардонагӣ ва ҷонфидоӣ, садоқати ҳарбӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масоили мубрами иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар, масъалаҳои тақдири таърихии миллат, тавсифи масъалаҳои шахсият, масъалаҳои умумиҷаҳонӣ, мақоми миллат дар низоми ҷаҳонӣ, ба инобат гирифтани урфу одат, анъана ва суннатҳои давлатдории миллӣ ҳамчун ғояи марказии инкишофи кишвар ва ғайраро дар бар мегирад. Ғояи миллӣ ҳамзамони миллат аст ва баробари ташаккулу инкишофи он нумӯ ёфтааст. Манбаи асосии ғояи миллиро бойигарии маънавӣ, раванди таърихии инкишофи фарҳанг ва худшиносии миллӣ, ормонҳои миллат ташкил медиҳанд. Ғояҳое, ки ҳастии миллатро тақвият мебахшанд, дар раванди навсозии воқеият нерӯи асосию мутаҳаррик мегарданд. Ғояи миллӣ метавонад боиси тараққию пешрафти давлату миллат шавад ё сабаби фанои он гардад, аз ин рӯ, ғояи миллӣ мусбию манфӣ арзёбӣ гардидааст. Ин вобаста ба он аст, ки чӣ тавр ғояи миллӣ ба кор бурда мешавад. Мас., тавассути ғояи миллӣ миллати англис дар муддати 500 сол зимни пайгирӣ аз ғояи ҳукмронии олам ба пешрафти азим ноил шуд. Ё худ сӯистифодаи ғояи миллӣ сабаби қурбонии беш аз 40 миллион нафар аҳолии Олмон дар ҷангҳои якуму дуюми ҷахонӣ гардид. Давлати миллӣ ҳимоя ва кафолати ҳуқуқу озодии инсонро ҳам дар сатҳи фардӣ ва ҳам дар сатҳи дастҷамъӣ вазифаи муқаддаси худ ҳисобида, танҳо тавассути ғояи барҷастаи миллӣ инкишофи ҳамаҷонибаро соҳиб мегардад. Дар низоми нави ҷаҳонӣ омилҳои гуногуни сиёсати байналмилалӣ, аз ҷумла давлати миллӣ, мақом ва нақши хосро соҳибанд. Давлатҳои муосир, ки асосан ба сифати давлати миллӣ рушд меёбанд, вазифа ва салоҳияти зиёдеро ба дӯш гирифтаанд.

Ғояи миллӣ дар шакл ва маъноҳои гуногун ифода ёбад ҳам, ифодагари махсусияти инкишофи миллӣ аст. Гоҳо ғояи миллиро бо арзишҳои сиёсию маънавии либералӣ пайваста, ҳамчун риояи ҳуқуқҳои инсон, рушди демократии кишвар ва «рӯҳияи технократӣ»-и мамлакат тавсиф менамоянд. Дар чунин мавридҳо асосан инкишофи демократии олам, баробарии шаҳрвандон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, ташаккулу инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғ. фаҳмида мешавад. Аксарияти давлатҳои мутамаддин арзишҳои либерализм ва неолиберализми Ғарбро ҳамчун асоси методологӣ ва тарзи муносибат ба раванду ҳодисаҳои олами муосир қабул карда, ба ҳайси арзишҳои расмӣ шинохтаанд. Ҳуҷҷатҳои гуногуни сиёсии байналмилалие қабул гардидаанд, ки дар заминаи арзишҳои сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакатҳои Ғарб таҳия шудаанд. Аксарияти онҳоро дар олами муосир эътироф ва эҳтиром менамоянд, зеро ба талабот ва эҳтиёҷоти одамон мувофиқанд. Аммо муносибатҳо бе зиддиятҳо инкишоф намеёбанд ва на дар ҳама ҷои олам фаҳми муосири ҳуқуқҳои инсон ё демократия қобили қабул аст.

Ғояи миллӣ дар Аврупо ҳамчун ғояи марказии инкишофи кишвар ва давлатдории миллӣ ҳам боиси нигаронӣ ва ҳам ибратомӯз мебошад. Арзишҳои муосири либералӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ расман эътироф шудаанд, вале дар баробари ин ғояҳои марказиеро ҷустуҷӯ доранд, ки боиси пешрафти комили давлатдории миллии онҳо гарданд. Тамоми давлатҳои миллӣ, аз ҷумла давлатҳои аврупоӣ низ ҳамаи музаффариятҳоро дар пайвастагӣ бо ғояи марказии инкишофи давлатдории миллиашон пайдо намудаанд, ки ҳамчун манбаи тараққии давлату миллат шинохта мешавад.

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҷрибаи таърихӣ исботи он аст, ки тамоми давлатҳои миллӣ маҳз тавассути ғояи миллӣ ва миллатгароӣ ба низоми баланди давлатдорӣ расидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ фаъолият дорад. Дар робита бо ғояи миллӣ ва ғояи ваҳдати миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Зеро хиради азалии миллати соҳибтамаддуни мо маҳз дар заминаи ҳувияти миллӣ, фарҳангсолорӣ, донишандӯзиву муҳаббат ба миллату Ватан ба вуҷуд омада, барои соҳибистиқлолии кишвари мо заминаи мусоидро фароҳам овардааст».

  • Шакурӣ М. Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ. Д., 1999;
  • Зокиров Г. Н. Донишномаи сиёсӣ. Д., 2015;
  • Гегел Г. В. Сочинения. Том 7. М.-Л., 1934;
  • Соловьев В. С. Сочинения в 2-х томах. М., 1989;
  • Булгаков С. Н. Сочинения в 2-х томах. М., 1993;
  • Бердяев Н. А. Философия свободного духа. М., 1994;
  • Трубецкой Е. Н. Смысл жизни. М., 1994;
  • Флоровский Г. Из прошлого русской мысли. М., 1998.