Jump to content

Ғубории Ҳиравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғубории Ҳиравӣ

Муҳаммадамин Ғубории Ҳиравӣ (форсӣ: محمدامین غباری هروی[1]; қарни XVI) — шоир, хаттот ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти манбаъҳои ада­бӣ аз шоирону донишмандони машҳури замон будааст. Дар иншо моҳир буд, аз илми ҳайъат огоҳии комил дошт. Аз эҷодиёташ намунаҳо дар тазкираҳо (мас., «Маҷ­маъу-л-хавос») сабт гардидаанд. Абёти зер аз ӯст:

Чунон макун, ки дигар тарки оҳу нола кунам,
Чунон макун, ки туро бо Худо ҳавола кунам.
Рухе, ки гашта чу коҳ аз хумори меҳнату дард,
Зи нашъаи майи ворастагӣ чу лола кунам.
Ба ним лаҳза, ки домони дигаре гирам,
Сазо ба домани рашки ҳазорсола кунам.

Дил хуш ба сари кӯйи ҷунун омада буд,
Дар сабру субот зуфунун омада буд.
Ин уқдаи рашк агар намеомад пеш,
Аз уҳдаи ошиқӣ бурун омада буд.

  1. محمدامین غباری هروی. ویستا. 27 май 2024 санҷида шуд.