Jump to content

Ғубори Розӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғубори Розӣ

Мирзонабӣ Ғубори Розӣ (форсӣ: غبار راضی[1]; 1819—1853) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Бо сабаби беморӣ аз биноӣ маҳрум гардид. Ба атторӣ (до­ру­созӣ) машғул буд.

Намунае аз ашъори Ғубори Розӣ:

Эй ҷаъди хам андар ками он дилбари айёр,
Дар ҳар сари мӯят дили як шаҳр гирифтор.
Гаҳ такя ба Ноҳид кунӣ, гоҳ ба Хуршед,
Гаҳ даст ба шамшер барӣ, гаҳ ба думи мор.
Печон ба сару гардани он моҳӣ чу нонак
Дар гардани бадхоҳ каманди шаҳи аброр.
Ҷамшед барозандаи дайҳими имом аст,
Хуршеди фурӯзандаи дин, Ҳайдари каррор.

Ғам пардадар асту ашк ғаммоз,
Пӯшидани ишқ кори ман нест.
Чизе, ки варо шумора натвон,
Илло ғами бешумори ман нест.
Шаб он ки бар оташам занад об,
Ҷуз дидаи ашкбори ман нест.
Рафтам, ки канора гирам аз ғам,
Шаб нест, ки дар канори ман нест.

  1. میرزا نبی تهرانی غبار رازی. ویستا. 27 май 2024 санҷида шуд.