Ғӯлинг
Ғӯлинг, ғӯлунг, зардолуи хушк, зардолуқоқ — зардолуи хушконидаро гуянд. Одатан навъҳои сергушту хуштаъми зардолуро мехушконанд (асосан дар офтоб).
Баъзан пеш аз хушконидан зардолуро бо гази сулфит буғ медиҳанд ва чунин ғӯлингpo «туршак» ҳам мегуянд. Вобаста ба хусусияти навъҳои зардолу ғӯлинг калондона (навъҳои мирсанҷарӣ, исфарак, хурмоӣ, зарафшонӣ, навоӣ ва ғ.), миёна (бобоӣ, қандак, хусравонӣ ва ғ.) ва резадона (хасак, харчӣ) мешавад. Навъҳои гуногунро ба ҳам омехтан мумкин нест. Ғӯлинги офтобӣ ва бо гази сулфит буғдодаро ба навъҳои якум ва дуюм ҷудо мекунанд. Ғӯлинги резадона фақат як навъ аст. Диаметри ғӯлинги калондонаи навъи якум зиёда аз 22 мм, навъи дуюм 18 мм мешавад. Ғӯлингe, ки аз коркарди заводи гузаштааст, навъи аъло (диаметраш то 26 мм) низ дорад. Ғӯлинг бояд осебнодидаву беҷирм бошад, таъм ва буи табиъӣ дошта бошад. Ғӯлинги офтобӣ 16 % ва заводи 18 % намӣ дорад. Дар ғӯлингe, ки онро бо гази сулфит бур додаанд, то 0,01 % SO2 ҳаст. Аз 5 т зардолуи тар 1 т ғӯлинг мегиранд. Ғӯлингpo фаровон истеъмол мекунанд. Дар қаннодӣ низ аҳамияти калон дорад. Ғӯлинг манбаи моддаҳоест, ки барои организми одам хеле заруранд.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғулинг // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
- Пулатов А., Таджикский абрикос, Д., 1976