Зардолу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Zardolu apricot isfara.jpg

Зардолу (ном алме: Prunus armeniaca) - яке аз меваҳои маъмули Тоҷикистону Осиёи Марказӣ ва Қафқоз. Дар дунё 1600 навъи зардолу, дар Тоҷикистон қариб 120 навъ, дар Конибодому Исфара зиёда аз 90 навъи зардолу парвариш карда мешавад. Навъҳо: аҳрорӣ, хурмоӣ, кафак, бинигорӣ, мирсанҷалӣ, тоҷxибоӣ, бобоӣ, руиxонон (сурх), лола, лоларух, учма (сурх, сафед), боқитаппак, обак, маҳтобӣ, луччак, ҷавпазак, шишахурмоӣ, субҳонӣ, нишонбойӣ, қандак, моҳтобпазак, пешпазаки самарқандӣ, арзаникатта, августпазаки бегоҳӣ, исфарак, ниёзӣ, абрикос, ширпайванд, хасак ва ғ. Ин навъҳо барои хушккунӣ, истеъмол дар ҳолати тарӣ ва консерванамоӣ қулай мебошад.

Ду зардолу ва боғи зардолу дар паси он

Байни дарахтон 7х7, 7х8, 8х8, 8х9, 9х9 м буда, майдони зардолузорро бо техника нарм мекунанд. Озуқаҳои маҳаллию маъданӣ дода, қариб 10 маротиба обёоб кардаее мешавад. З. ҷинси бутта ё дарахти мевадор, мансуби настараниҳо. Дар Осиё 8 намуд, дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон танхо як намуди зардолу паҳн шудааст. Баландии зардолу 8-15 м (навъҳои осиёиаш то 20 м). Барги паҳни эллипсшакли дандондор, гули сафед ё гулобии дуҷинса дорад (пеш аз барг баровардан мешукуфад). Ниҳолаш тезрас, дар 3-4 ҳосил медиҳад, мевааш дар шароити Осиёи Миёна аввалҳои июн мепазан. Ҳар бехи зардолу аз 90 то 500 кг (баъзан то 850 кг) ҳосил мебандад. Зардолу гармидўст, муғҷаҳояш ҳангоми сармои моҳи феврал ва гулаш моҳи март осеб меёбад. Мевааш сафедтоб, норинҷӣ (паҳлўи офтобрасаш), сурхранг, заъфарон буда, шакли мудаввар, байзашакли мудаввар ё дарозрўя, ширадори хушбўй. 4-26% қанд (2,83-15,81% сахароза, 0,13-3,38% глюкоза, 0,65-3% фруктоза, 0,05-2,4% молтоза), 0,17-2,76% туршии себ, лимe ва ғайра, мағзи донакаш 55% равган, 23% сафеда дорад. Навъҳои зардолуи осиёмиёнагии мағзширин дар қаннодӣ шўҳрат дорад. Аз мағзи талхи З. равғани хушсифат мегиранд. Пўчоқи донакашро дар саноати химия барои тайёр кардани туш, чўбашро барои сохтани асбобҳои харротӣ,меваи тару хушкашро чун ғизо ва ғайра дар пухтани мураббо, зардолуоб, мармалод ва ғайра ба кор мебаранд.

Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ 65-70 ҳазор гектар зардолузор буда, қариб 85%-и он дар Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Украина ва Кавказ воқеъ будааст. Навъҳои зардолуи собиқ СССР-ро ба се гурўҳи асосӣ тақсим мекунанд: осиёимиёнагӣ, эронукавказӣ, европоӣ. Хелҳои зардолуи осиёмиёнагӣ қадбаланд, дарозумр, навдаҳояш борик, баргаш майда, мевааш миёнаи серқанд, думчааш сахт. Қариб 300 навъаш маълум буда, ба гурӯҳҳои фарғонагӣ, зарафшонӣ, тиёншонӣ, хоразмӣ ҷудо мешаванд. Зардолуҳои эронукавказӣ асосан дар мамлакатҳои Осиёи Пеш ва Осиёи Хурд паҳн шудаанд. Аз рӯйи аломатҳои биологӣ ба зардолуи осиёмиёнагӣ наздиканд. Меваи онҳо нисбатан калон, қанднокиашон миёна, ба касалиҳои занбуруғӣ тобоваранд. Зардолуҳои аврупоӣ аз Шарқи Наздик, Аврупои Шарқӣ ва Ғарбӣ оварда шудаанд. Онҳо ба ҳарорати паст мувофиқ шуда, аз гармо зарар мебинанд. Қадашон 6-8 метр, навдаҳояшон ғафс, баргу меваашон калонанд. Асосан барои тархӯрӣ ва мураббо истифода мешаванд. Дар Осиёи Миёна ин навъҳои зардолуро дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ, дар баландиҳои 400-100 метр аз сатҳи баҳр парвариш мекунанд. Барои парвариши зардолу заминҳои пастхаму нишебрӯя ва мавзеъҳои шамолрасро интихоб карда, масофаи байни қаторҳо ва дарахтҳоро вобаста ба намии хок 8х8, 8х10 метр мегузоранд ва ба 1 га 125-126 бех ниҳол мешинонанд. То сад сол умр мебинад.

З. аз гули якдигар гардолуд мешавад ва дарахти худрӯяш (хасак) хусусияти навъи худро гум мекунад. Бинобар ин ниҳоли пайвандиро мешинонанд. Барои пайванд баъзан хасаки зардолу ва олучаро истифода мебаранд. Хоки атрофи онро солҳои 1-2-юми шинонидан нарм карда, соле 30-50кг нитроген, 60-80кг калий ғизо дода, 6-8 маротиба об медиҳанд.

Муғчаи зардолу

Зардолузорҳои калонтарини Осиёи Миёна, дар водии Фарғона, Зарафшон, навоҳии кӯҳии Тоҷикистон ва қисми ҷанубу ғарбии Ӯзбакистон воқеанд. Ба зардолупарварӣ асосан дар ноҳияои шимолии ҷумхурӣ Ашт, Исфара, Конибодом ва Хуҷанд машғуланд. Ин нохияҳо бештар аз 64%-и ғулинги Тоҷикистонро медиҳанд, зардолузори ин нохияҳо қариб 78%-и масоҳати умумии боғдориро мегиранд. Вилояти Суғд дар 30 соли охир ҳамчун базаи калонтарини истеҳсоли зардолу дар Осиёи Миёна шӯҳрат ёфта, ҳар сол бештар аз 10 ҳазор тонна мева медиҳад.

Шоху кундаи дарахти зардолу ҳамчун ҳезум, хазонаш ҳамчун хӯроки серғизои чорво ва тагандоз истифода мешавад.

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: