Ғунча

Ғунча (Doufon), гулғунча, ғунчаи гул, пунбаки гул, гули ношукуфта, гуле, ки ҳанӯз кушода нашудааст. Ғунча, маъмулан, аз муғҷаҳои барги ҳамон рустанӣ калонтар буда, нӯгаш мисли нимдоира аст. Дар ғунча ҳамаи узвҳои гул (косабарг, гулбарг, гардбарг, гарддон, гардгирак, гарднайча, тухмдон, шаҳддон, тухммуғҷа ва ғ.) ташаккул меёбанд. Бо буриши дарозрӯяи ғунча нақшаи гулро таҳия намуда, оид ба миқдор ва мавқеи қисмҳои гуногуни он маълумот гирифтан мумкин аст. Дар ғунча метавон тарзи ҳамдигарро пӯшондани косабаргу гулбарг (яъне ташаккули ғунча) ва усули ба ғунча табдил ёфтани гулбаргҳо (яъне баргбарорӣ)-ро низ омӯхт (онҳо аломатҳои асосии тавсифи морфологии оилаҳои гуногуни рустаниҳо мебошанд).
| Булбуле бар сарири ғунча нишаст, Ғунча бишкуфту гашт булбул маст. |
Ғунчаи аксарияти рустаниҳо дар тиб, атриёт, саноати хӯрокворӣ аҳаммият дорад. Масалан, ҳангоми хушконидани ғунчаи қаранфул маводди хушбӯеро ба даст меоранд, ки бо номи мехак ё қаранфули гардан машҳур аст. Онро дар истеҳсолоти қаннодӣ, саноати консерв, атриёт, машрубот ва ғайра истифода мебаранд. Мурч, зардчӯба, дорчинӣ ва дигар адвиёт таомро хуштаъму хушбӯй месозанд. Очори ғунчаи гули кавар низ хӯриши хуб ва давоӣ мебошад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғунча // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — С. 141. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Ярыгин Р. Н., Васильева В. И. Биология в 2-х томах. М., 2000; Андреева И. И., Родман Л. С. Ботаника. М., 2005.
- Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ.2 П — Ҷ./Дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р.Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. — Москва 1969, — c. 657

