Булбул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Булбул
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Булбул
Luscinia megarhynchos

Булбул (Luscinia) - паррандаест аз оилаи дуҷиҳо, гурӯҳи гунҷишкон. 10 намуд дорад, аз он 7 намудаш дар СДМ ва 3 намудаш дар Аврупо, Осиё, Амрикои Шимолӣ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон Luscinia pectoralis ballioni- чаманбулбул, Luscinia megaphycha hasifi - шоҳбубул ва боз 4 намуди дигар вомехӯрад. Қадаш 16-20 см, вазнаш қариб 25г. Нӯлаш борик, рангаш дорчинии хокистарӣ, ғизояш ҳашарот аст. Булбул чун паррандаи мавсимӣ зимистонро дар мамлакатҳои гарм мегузаронад. Дар буттазору ҷангалзор, боғу гулбоғоҳо, замин ва шохи рустаниҳо лона монда, 4-5 тухм мегузорад. Наринааш хушовоз аст. Дар нағмасароӣ аз 20 то 40 булбул ҳамовоз мешавад.

Булбул

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]