Ғурак
|
|
Таваллуд | асри VII |
Даргузашт | 738 |
Фарзандон | Турғар |
Ғурак, Хурак (асри VII — 738) — ихшиди Суғд ва афшини Самарқанд (710—738) дар замони ҳамлаи аъроб ба Фарорӯд.
Ғурак баъди аз тахт ронда шудани Тархун ба сари ҳокимият омад. Вақте ки Қутайба баъди ишғоли Бухоро ба Самарқанд ру овард, Ғурак ба ҳокими Шош, ихшиди Фарғона ва хоқони турк муроҷиат карда, онҳоро барои муборизаи якҷояи зидди арабҳо даъват намуд. Ғурак соли 712 дар муҳорибаи назди Андинҷон ба арабҳо зарбаи сахт зада бошад ҳам, вале пеши юриши онхоро гирифта натавонист. Сипас у бо қушуни худ дар қалъаи Самарқанд пинҳон шуд. Дар натиҷаи муҳосираи бардавом Ғурак маҷбур шуд, ки ба Қутайба таслим шавад. Мувофиқи шартнома Ғурак уҳдадор шуд, ки ба арабҳо 2 млн дирҳам ва 3 ҳазор ғулом медиҳад. Қутайба як қисми қушуни худро дар хонаҳои самарқандиён ҷойгир намуд. Ғурак қалъаи Самарқандро ба ихтиёри ҳарбиёни арабҳо вогузошта қароргоҳи худро ба шаҳри Иштиҳон кучонд. Ғурак соли 719 боз ба муқобили арабҳои истилогар мубориза оғоз кард, вале ин дафъа ҳам комёб нашуд.
Баъди oн ки Саид ибни Ҳарошӣ соли 721 волии Хуросон таъйин шуд, Ғурак бо як гуруҳ деҳқонон ба тарафи арабҳо гузашт. Ғурак соли 737 бо умеди торумор кардани қушуни арабҳо ба Хуросон ҳуҷум овард ва дар ин муҳориба ҳалок шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғурак / А. Валиев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
- Самарқанд таърихи, т. 1, Тошкент, 1971.