Ғурбатии Лоҳурӣ
Хайруддин Ғурбатии Лоҳурӣ (форсӣ: غربتی لاهوری, маъруф ба Шоҳ Абулмаолӣ; 1552, Шергарҳи Панҷоб — 1615, Лоҳур) — шоир ва нависандаи форсизабони Ҳиндустон, орифи силсилаи қодирия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Гузаштагонаш аз Кирмони Эрон ба Ҳиндустон кӯчидаанд ва Панҷобро макони сукунат ихтиёр намудаанд. Тарбияи ӯро амакаш Шайх Довуди Кирмонӣ, ки аз орифони маъруфи тариқати қодирия буд, ба уҳда дошт. Дар тариқат ба Шайх Довуд дасти иродат дод. Дар ашъораш Шайх Довуди Кирмониро ба ҳадде ситудааст, ки Абдулқодири Бадоунӣ дар ин маврид навиштааст: «…ҷуз пирпарастӣ шеваи дигар надониста». Соли 1602 бо хоҳиши Шайх Довуди Кирмонӣ барои иршоди толибон ба Лоҳур рафт ва миёни мардуми он диёр маъруф гардид. Файзии Файёзӣ, Абдулқодири Бадоунӣ, Шайх Муҳаддиси Деҳлавӣ ва дигарон бо ӯ мукотиба доштаанд. Дорошукӯҳ дар «Сафинату-л-авлиё» соҳибкаромат будани ӯро зикр намудааст. Ба қавли муаллифи «Тазкираи шуарои Панҷоб» Сарҳанг Хоҷа Абдуррашид «ошиқе дардманд» ва «солике поябаланд» будааст. Шайх Муҳаддиси Деҳлавӣ дар "Шарҳи «Футуҳу-л-ғайб» дар борааш маълумот меоварад. Ғурбатии Лоҳурӣ муаллифи китобҳои ақоиди суфия: рисолаи «Ғавсия» (дар манқабати Шайх Абдулқодири Гелонӣ), «Туҳфаи қодирия» (дар саргузашт ва каромоти Шайх Абдулқодири Гелонӣ), «Шавқия» (дар баёни кайфияти муноҷот ва аҳволи шавқ ва беқарории суфиёна), «Мӯниси ҷон» (дар ҳикоёт ва латоифи пандомӯз ва зиндагиномаи бархе аз шоирони форсигӯ дар чаҳор мақола), «Заъфаронзор», «Нафаҳоти Довудӣ», «Гулдастаи боғи Ирам», «Ҳашт маҳфил» (суханони вай аз ҷониби писараш Сайид Муҳаммадбоқир гирдоварӣ шудаанд) мебошад. Ғурбатии Лоҳурӣ ба забонҳои форсӣ ва арабӣ шеър мегуфт. Дар форсӣ Ғурбатӣ ва дар арабӣ Маолӣ тахаллус мекард. Шуҳрати суханварии ӯ на танҳо дар сарзамини Ҳинд, балки дар Эрону Хуросон ва Мовароуннаҳр низ паҳн гардида буд. Дар ғазал ба Ҳофиз пайравӣ намудааст. Аз шумори шоиронест, ки шатҳиёт (дар тасаввуф — суханони мухолифи зоҳири шаръ гуфтан ва калимоти мухолифи шариат ба забон овардан)-ро дар шеъри форсии Ҳинду Покистон ворид намуд.
Аз Ғурбатии Лоҳурӣ девони ашъор иборат аз ғазалиёт, қасидаҳо, қитъаҳо, муаммоҳо ва рубоиҳо (маҳфуз дар Китобхонаи Донишгоҳи Панҷоби Лоҳур) боқист.
Дар бораи девонаш гуфтааст:
Девони Ғурбатӣ ҳама сӯз асту ошиқӣ,
Девонаест, дар пайи тазйин намешавад.
Намунае аз ашъори Ғурбатии Лоҳурӣ:
Ишқбозонро нишони дигар аст,
Ин маониро баёни дигар аст.
Ин ҷаҳону он ҷаҳон маъвои туст,
Сайри эшон дар ҷаҳони дигар аст.
Гар нахоҳанд обу нон ҳаргиз, чӣ ғам?
Қути эшон з-обу нони дигар аст.
Худфурӯшӣ нест дар бозори ишқ,
Ҷойи ин савдо дукони дигар аст.
Ғурбатиро чун Масеҳову Хизир
Ҳар дам аз лаъли ту ҷони дигар аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғурбатии Лоҳурӣ / С. З. Ғаффорова // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.