Ғусли таъмид
Ғусли таъмид (форсӣ: غسل تعمید) — оини поксозӣ дар масеҳият ва сикхия, ки маншаи он ойини таҳорати яҳудӣ мебошад.
Ба воситаи ғусли таъмид одам узви калисо гашта, имкон пайдо мекунад, ки дар тамоми маросими дигари он ҳузур дошта бошад. Ғусли таъмид бо роҳи ғӯтавар шудан ё ғӯтавар кардани одам дар об (вобаста ба равия – як бор ё се бор) ё пошидани об ба шахси таъмидшаванда, бо хондани дуоҳои муқарраршуда аз ҷониби рӯҳонӣ сурат мегирад. Маросими ғутавар шудан дар об қариб барои тамоми халқҳои қадим – калдониён, финиқиҳо, мисриён, форсҳо, қисман юнониҳову румиҳо аз ҷиҳати покии ҷисмонӣ ва маънавӣ низ аҳаммияти хосса дошт. Румиҳо тифлони навзодро дар рӯзи ҳаштум ё нуҳум шустушӯ доронда, номгузорӣ мекарданд. Ғусли таъмид ҳамчунин дар қатори маросимҳои фирқаи яҳудии ессеиҳо ёдоварӣ мешавад, ки онро бо баргузории амалҳои махсус иҷро мекарданд. Яҳудиён твила ном маросим доранд, ки тавассути он худро аз нопокии маросимӣ пок мекарданд. Ин маросимро Юҳаннои Масеҳ дар д. Урдун баргузор мекард. Исои Масеҳ низ аз дасти Юҳанно ғусли таъмид гирифт ва ин намуна барои ғусли таъмиди масеҳӣ гардид. Дар равияҳои православӣ, католикӣ ва протестантӣ ғусли таъмид аз ҷумлаи фароизи динӣ аст. Аз нуқтаи назари калисо, бо ғусли таъмид инсон барои зиндагии ҷисмонии пургуноҳ мемирад ва аз ҷониби Рӯҳулқудус барои ҳаёти рӯҳонӣ эҳё мегардад. Ҳангоми ғусли таъмид инсон на танҳо гуноҳони пешинаашро мешӯяд, балки амали содир кардани гуноҳро дар худ маҳв месозад. Дар тимсоли куштан ба воситаи об маҳвсозии гуноҳон ба амал оварда мешавад, вале на маҳвсозии тамом, балки то андозае кӯшиши пешгирӣ аз паиҳамии гуноҳон. Мазҳабҳои масеҳӣ дар масъалаи баргузории ғусли таъмиди кӯдакон ё калонсолон бе омӯзиши асосҳои мазҳабӣ ё танҳо пас аз омӯзиши онҳо тафовути назар доранд. Ғусли таъмид бе омӯзиши асосҳои мазҳабӣ дар равияи православӣ имконпазир аст, вале чандин мазҳаби протестантӣ инро имконнопазир медонанд, зеро тибқи эътиқоди онҳо кӯдакон ва калонсолони аз асосҳои мазҳаб бехабар наметавонанд тавба кунанд ва эҳё шаванд. Ғусли таъмид дар даврони калонсолӣ низ баргузор мешуд: Григорийи илоҳиётшинос, фарзанди усқуфи Назианзӣ, дар 30-солагии худ аз дасти падараш ғусли таъмид гирифт, Василийи Кабир ва Юҳаннои Зарриндаҳон пас аз хатми таълимашон ғусли таъмид гирифтаанд. Баъзеҳо ҳатто пеш аз марг ғусли таъмид мегирифтанд. Дар қоидаи 124-уми Калисои ҷомеъи Карфагенӣ (асри 4) нисбат ба касоне, ки зарурати ғусли таъмиди кӯдакон ва навзодонро инкор мекунанд, кароҳат (анафема) баён карда шуда буд. Аҳмади Дониш дар «Меъёру-т-тадайюн» ҳикояте оварда, дар он мунозираи шайхи восилро бо руҳонии масеҳӣ тасвир мекунад ва яке аз мавзӯъҳои баҳси онҳо ҳамин ғусли таъмид будааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғусли таъмид / В. Музаффарпур // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Гараджа В. И. Религиоведение: Учебное пособие для студентов высших учебных заведений и преподавателей средней школы. М., 1995;
- Яблоков И. Н. Религиоведение: Учебное пособие и учебный словарь-минимум по религиоведению. М., 2000;
- Аҳмад Махдуми Дониш. Меъёру-т-тадайюн. Д., 2010.