Қабулии Бухороӣ
Зоҳир
Қабулии Бухороӣ (? — қарни XVI) — шоири форс-тоҷики доираи адабии Бухоро.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Бухоро ба камол расидааст. Пас аз таҳсили улуми расмии давр ба хидмати Шайбонихон дохил шудааст. Дар тазкираи «Музаккиру-л-аҳбоб»-и Нисории Бухороӣ андар мушоираи ӯ ба Аллоҷа ном шоирае сухан меравад. Нисорӣ ду байти дар ҷавоби шоира гуфтаи Қабулии Бухороиро овардааст (абёти гуфтаи шоира дар тазкира нестанд):
Намунаи ашъори ӯ:
Мижгони ту эй нигори раъно,
Бо мо сафи ҷанг менамояд.
Он мурғ, ки кандаи парашро,
Ишқам зада ранг менамояд.
Аз Қабулии Бухороӣ ашъори пароканда дар тазкираҳову баёзҳо боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қабулии Бухороӣ / У. Назиров // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).