Jump to content

Қабули Кашмирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қабули Кашмирӣ

Мирзо Абдулғанӣ Қабули Кашмирӣ (?, Кашмир — 1725/26, Деҳлӣ) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз надимони дарбор ва яке аз дустони наздики шоир Муллошоҳи Бадахшӣ будааст. Баъдҳо аз дарбор дурӣ ҷуста, дар қалъаи куҳнаи Деҳлӣ умр ба cap бурдааст. Қабули Кашмирӣ дар шеъру шоирӣ аз шогирдони Мухлиси Кашмирӣ (ваф. байни солҳои 1713—19) ва Ҷӯёи Кашмирӣ буд. Камоли Хуҷандиро пайравӣ мекард. Дар ашъораш ба мавзуъҳои фалсафӣ, ишқӣ ва тарбиявию ахлоқӣ дахл кардааст. Муқобили таассуб, тарафдори дустона зиндагӣ кардани мардуми гуногунмазҳаб буд:

Шиъаву сунниву мулҳид нестам,
Кам касе, донад, ки ин ҳам маслакест.

Аз Қабули Кашмирӣ девоне боқӣ мондааст, ки ғазал, рубоӣ, мухаммас, маснавӣ ва қитъаҳои уро дар бар мегирад.

  • Қабул / А. Ғаффоров // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).